Пайвандҳои дастрасӣ

"Қавлу қасам ҳам садди роҳи мақомдори беинсоф намешавад - ҷазо даркор". ВИДЕО


Парлумони Тоҷикистон, соли 2016

Аъзои ҳукумати Тоҷикистон барои шикастани савганде, ки дар рӯзи ишғоли вазифа ба номи президент ёд кардаанд, ҷазо мегиранд. Порлумон тағйиротба Қонуни ҳукумати Тоҷикистонро тасвиб кард, ки муҷозот барои савгандшиканӣ як бахши он аст. Илова ба ин, хешовандону аъзои оилаи мақомдорон ҳам акнун бояд дар бораи мизони даромади худ ба сохторҳои дахлдор гузориш диҳанд.

Қасам аз ҷиноят ҷилавгирӣ мекунад?

Муаллифони тарҳи тағйирот ба қонуни “Ҳукумати Тоҷикистон” мегӯянд, ки шадидтар шудани назорат аз рӯи фаъолияти мақомоти баландпоя барои беҳбуди кор, махсусан шаффофияти бештари харҷу даромади онҳо равона шудааст. Вале коршиносон мегӯянд, маҳсулнокии кори мақомдорони давлатиро на аз рӯи қавлу қасам ба раҳбар, балки дар тарозуи тавони ҳарфаӣ ва мутобиқаташ ба мақом чен кард, то аз коррупсияву ҷиноят ҷилавгирӣ шавад.

Тобистони соли 2016 дар Тоҷикистон шеваи шурӯи кори мақомдорони баландпоя барои ҳамаи ҳафдаҳ вазиру раисони кумитаҳои давлатӣ тағйир ёфт. Аз ин ба баъд онҳо муваззафанд, ки ба номи сарвари давлат савганд ёд кунанд.

​Ҳоло, ки тағйирот қонунӣ шуд. суоли матраҳ ин аст, ки дар сурати шикастани савганд чӣ муҷозоте аъзои Ҳукумати Тоҷикистонро интизор аст?

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, раиси Комиссияи назорати дастур ва ташкили кори парлумони Тоҷикистон рӯзи 12-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, тағйироти ахир ҷазои интизомиро пешбинӣ мекунад, на ҷиноӣ.

Ӯ мегӯяд, “таъини муҷозот ба салоҳияти раиси ҳукумат, яъне, Эмомалӣ Раҳмон аст. Мумкин аст ҷазо аз танбеҳ сар шуда то барканорӣ аз вазифаро фаро бигирад, мисли он, ки дар Кодекси меҳнат барои қонунвайронкуниҳо пешбинӣ шудааст”.

Оғози ҳар сол дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ҷараён мегирад, ки бештар хусусияти ҷойивазкунӣ дорад. Сокинон маъмулан хабари барканор шудани мақомдорони пешинро аз фармонҳои раиси ҷумҳур мехонанд, ки аксаран бидуни шарҳ нашр мешаванд. Агар солҳои пеш раиси ҷумҳур мақомдорони беҳунарро дар ҷаласаҳои порлумон ошкоро танқид мекард, солҳои ахир ин суннат аз байн рафт ва сабаби истеъфо дар паси амрҳои протоколӣ ногуфта мемонад. Бисёр коршиносон рӯи кор омадани банди қонун дар бораи савганд ба раиси ҷумҳурро аломати норозигии президент аз намояндагони ҳукумат ва бесамар будани тадобире медонанд, ки то ҳол истифода шуданд, вале самар надоданд.

"Савганд мушкиле надорад, агар ба фоидаи ҷомеа бошад"

Коршиносони мустақил мегӯянд, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ёд кардани савганд ба шахсони алоҳида фақат дар низоми шоҳигарӣ вуҷуд дошта, дар кишварҳои демократӣ ба Конститутсия ва дар мамлакатҳои исломӣ ба Қуръон савганд ёд мекунанд. Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик гуфт, агар дар Тоҷикистон савганд ба номи раиси ҷумҳур ба фоидаи ҷомеа анҷом шавад, мушкиле нест.

Вай гуфт: “Агар мақомдор ба савганди худ хиёнат кунад ва хиёнаташ ҷанбаи ҷиноӣ дошта бошад, бояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ маҳкум шавад. Агар аъзои ҳукумат аз ӯҳдаи иҷрои вазифааш набарояд, бояд аз кор ронда шавад. Хулосаи мантиқӣ ин аст, ки агар корманди давлатӣ хато кард, бояд аз рӯи Кодекси ҷиноӣ ё маъмурӣ ҷазо бигирад. Дар ин сурат, зарурати ҷавобгарӣ барои вайрон кардани савганд боқӣ намемонад. Ба ҳар сурат, ман фикр намекунам, ки чунин як савганд аз қонунҳои мавҷуда болотар бошад”.

Бисёр коршиносон бар ин назаранд, ки раиси ҷумҳур бояд дар муқобили иштибоҳҳои вазиронаш, аз қабили бемасъулиятӣ дар иҷрои вазифа, хунукназарӣ, фасодкорӣ ва непотизм, серталаб бошад ва ин пайғомро ба ҷомеа расонад, ки мақомро танҳо кормандони ҳирфаӣ ва соҳибкасб сазовор мешаванд.

Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик дар ин замина ба таҷрибаи Сингапур таъкид мекунад.

Нуралӣ Давлат.
Нуралӣ Давлат.

Агар воқеан хоҳанд ки масъулияти мансабдорон баланд гардад, бояд аз таҷрибаи Сингапур истифода кунанд ва мақомдор барои иштибоҳу ҷиноят ҳатман ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд. То замоне, ки ба ҷавобгарӣ накашанд, таъсири қонун ончунон, ки интизор меравад, дар амал татбиқ намегардад. Дар таърихи таҷрибаи кории ҳукумати Тоҷикистон борҳо шоҳиди он будем, ки раиси ҷумҳур бо Қуръон баъзе мансабдоронро бо қасам медод, вале ҳеҷ натиҷае набуд”, гуфт Нуралӣ Давлат.

Савганд ёд кардан ва ё ба касе савганд додан дар ҷомеаи Тоҷикистон як амали боаҳамият ва эътимодсоз аст. Мардум бештар ба ҳарфе эътимод мекунанд, ки агар гӯянда қавли худро бо қасам мустаҳкам кунад. Коршиносон он замон гуфта буданд, ки ҷорӣ кардани муқаррароти қасамёдкунӣ гӯё ба маънои болотар аз қонун будани ваъдаи мақомдор ба хизмати содиқона дар пеши раҳбари давлат аст.

Вале ба гуфтаи таҳлилгарон, савганд хӯрдан ба номи раисҷумҳур дар ҳоле ҳатмӣ мешавад, ки мансабдорони Тоҷикистон мустақилият нишон намедиҳанд ва ҳангоми бурузи ин ё он мушкил худро паси раисҷумҳур пинҳон мекунанд. Ин гуна рафтор мақомдоронро дар чашми мардум то андозае камсалоҳияту нотавон ҷилва медиҳад ва шояд ба ҳамин хотир, шаҳрвандон ҳатто барои ҳалли мушкили ночиз дасти ниёз сӯи раисҷумҳур дароз мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG