Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Савганд мехӯрам, ки ..." (ВИДЕО)


Аз ин ба баъд кормандони тозатаъини ҳукумат дар Тоҷикистон ба номи раиси ҷумҳур савганд ёд мекунанд. Ин тасмим рӯзи чоршанбеи 22-юми июн дар пайи ислоҳи қонуни конститутсионӣ “Дар бораи ҳукумат ва вазъи ҳуқуқии аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон” дар парлумон гирифта шуд.

Ба ин тариқ, аъзои ҳукумати Тоҷикистон пеш аз иҷрои вазифаашон ба номи раисиҷумҳур қасам ёд карда, ваъда хоҳанд дод, ки тамоми нерӯи худро барои рушд ва боло бурдани обрӯи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ сарф хоҳанд кард. Дар навбати худ вакилон бо ёд кардани савганд ба номи мардум ба онҳо ваъда медиҳанд, ки дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон саҳмгузор мешаванд ва дар таҳияву қабули қонунҳо содиқона ва аз рӯи виҷдон амал мекунанд.

Қасам ба номи худо ё президент?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:19 0:00

​Меъёри савганди аъзои ҳукумат ба президент ва савганди вакилони парлумон ба мардуми Тоҷикистон ҷузъе аз 41 тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни Тоҷикистон аст, ки ба таърихи 22-юми май аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда буд. Замону макони адои савганди аъзои ҳукумат ва вакилони порлумонро худи раисиҷмуҳр таъин мекунад.

Аммо ба назари иддае аз коршиносон, ба номи президент савганд ёд кардан баёнгари он аст, ки ҳокимияти қонун дар кишвар таъмин нест. Ба бовари онҳо, қасамҳо ба муқаддасот то кунун барои аксари мансабдорони тоҷик таъсирнопазир будааст. Аз ин рӯ, ҳоло бо қасам ба президент мехоҳанд, садоқати онҳо имтиҳон шавад.

Сайф Сафар
Сайф Сафар

Азизи Нақибзод, таҳлилгари тоҷик чунин тасмимро дар ҷомеаи, ки 99 дарсадаш мусулмон аст, то ҷое ҳайратовар унвон мекунад. Аммо бо ин ҳам ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, “ин то ҷое ба шахспарастӣ пайванд дорад. Зеро расидан ба мансаб ва ҳамин гуна канор рафтан аз он, танҳо вобаста ба президент аст. Вагарна чаро дар ҷомеа мусалмонишин аъзои ҳукумат ба Қуръону Худо савганд ёд намекунанд?”

Рӯзноманигор Сайфи Сафар мегӯяд, то имрӯз намунаи савганд ба номи президентро дар ягон ҷомеаи демократӣ шоҳид нашудааст. Аммо ин рӯзноманигор меафзояд, “эҳтимолан раисиҷумҳур мушоҳида кардааст ки дар тӯли зимомдорияш қонунҳое, ки ба тасвиб расидаанд, гоҳ-гоҳе аз сӯи вазирон ва дигар кормандони давлатӣ нақз шудаанд. Шояд раисҷумҳур ба ин хулоса расид, ки дар сурати ба номи ӯ қасам хӯрдан, мансабдорон аз тарс аз қонуншиканиҳо ва баъзе нохубиҳо даст бикашанд.”

Аммо Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон тасмими савганд ёд кардани аъзои ҳукумат ва вакилони парлумонро ба манфиат медонад ва мегӯяд, ин амр то андозае метавонад барои мустаҳкамии низоми иҷрояи ҳукумати кишвар хидмат кунад.

Ба гуфтаи ҷаноби Сафаров, аз ҷиҳати ахлоқӣ низ барои хизматчиёни давлатӣ як чаҳорчубаи муайяни масъулияшиносиро “бор мекунад.”
Вай гуфт, “албатта онҳое, ки виҷдонашон пок нест, баъди қасам ҳам хиёнат мекунанд ва савганд шикаста мешаванд. Ва мо чунин

Сайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров

савгандшиканҳоро соли гузашта ҳам дида будем, ки нафарони ҳарбӣ буданд. Аз ин хотир, ин бештар ба виҷдон, дин ва ахлоқи ҳар як шахс вобастагӣ дорад, ки то кадом андоза барои хидмат ба ватан ва мардум омода аст.”

Савганд ёд кардан ва ё ба касе савганд додан дар ҷомеаи Тоҷикистон як амали боаҳамият ва эътимодсоз аст. Мардум бештар ба ҳарфе эътимод мекунанд, ки агар гӯянда қавли худро бо қасам мустаҳкам кунад. Аммо бо ин ҳам мусоҳибони мо ба муассир будани чунин савгандёдкуниҳо чандон хушбин нестанд. Зеро ба иддаои онҳо, савганд шикастан дар ҷомаеи тоҷик як амри маъмулӣ шудааст, ки ҳамарӯза ба чашм мехӯрад.

Бо ин ҳама, ин барои аввалин бор аст, ки дар Тоҷикистон қасами аъзои ҳукумат ба номи президент расмӣ мешавад. Дар гузашта, дар соли 2006 танҳо савганди садоқати нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба номи раисиҷумҳур қонунӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG