Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши истихборотии ИМА: Русия ду даҳсолаи дигар  ҳамоно як “нирӯи харобкор” мемонад


Владимир Путин, президенти Русия
Владимир Путин, президенти Русия

Як гузориши истихборотии ИМА, ки рӯзи 8-уми апрел нашр шуд, мегӯяд, ба эҳтимоли ғолиб дар давоми ду даҳсолаи баъдӣ Русия “як нирӯи харобкор” мемонад, вале дар пешорӯи чандин набосомониҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нуфузаш коҳиш хоҳад ёфт. Гузориши Шӯрои истихбороти миллии ИМА, ки дар чор сол як бор таҳияву нашр мешавад, таҳаввулоту тамоюлҳои ҷаҳонӣ ва инчунин, сенарияи эҳтимолии фазои амниятии атрофи ИМА барои 20 соли ояндаро пешбинӣ мекунад. Таҳлилгарони калони амрикоӣ дар тасвири Русия гуфтаанд, ки ин кишвар дар паҳлӯи Чин ба ҳайси қудрати "дар ҳоли зуҳур ва таҳрирталаб” мемонад, ки барои ба ҳам задани низоми байналмилалии кунунӣ ва боло бурдани нуфузи Маскав дар фазое, ки ғарб пештоз аст, талош хоҳад кард. Гузориш мегӯяд, “Дар давоми ду даҳсолаи баъдӣ Русия ба эҳтимоли зиёд як нирӯи харобкор мемонад, ҳарчанд тавонмандиҳои моддии он дар қиёс бо бозигарони калони дигар кам мешавад”. Дар гузориш инчунин омадааст: “Бартариҳои Русия, аз ҷумла нирӯҳои мусаллаҳ, силоҳи қатли ом, энерживу захираҳои минералӣ, ҳудудҳои азим, хусусиятҳои демографӣ ва омодагиаш барои истифодаи нирӯ дар хориҷа ба он имкон хоҳад дод, ки дар оянда ҳам нақши харобкоронаашро идома бидиҳад ва дар ҳудудҳои собиқ Шӯравӣ ва гоҳо фаротар аз он нақши миёнҷии бонуфузро иҷро кунад”.

Айни замон, ба қавли таҳлилгарони амрикоӣ, бо вуҷуди бартариҳои сиёсиву низомии Русия, ин кишвар бо сабабҳои фазои бади сармоягузорӣ, камии нирӯи корӣ, нархҳои баланду иқтисоди хурд барои татбиқи нақшаҳои дурпарвозаш дар заминаи паҳн карани нуфузи байналмилалӣ “бо мушкил рӯбарӯ мешавад”.

XS
SM
MD
LG