Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар Тоҷикистон боло рафтааст


Дар бозорҳои Тоҷикистон нархи маҳсулоти ниёзи аввал боло рафтааст. Гушти гов аз ҷумла дар бозори марказии Кӯлоб 60 ва гусфанд то ба 65 сомонӣ афзудааст. То ҳафтаи пеш як кило гушти гов 55 ва гусфанд то 60 сомонӣ арзиш дошт.

Сокинони минтақаи Кӯлоб натанҳо аз болоравии гушт шикоят доранд, балки мегӯянд, нархи дигар маводи ғизоӣ гаронтар шуд. Қиммати равғани пахта то панҷ ва офтобпараст то даҳ сомонӣ боло рафтааст. Ҳоло панҷ литр равған дар бозорҳои Кӯлоб аз 110 то 120 сомонӣ нарх доранд. Ба нархи шакар ва маводи ғалладнна ба монанди биринҷ ҳам ду сомонӣ илова шудаст. Нархи картошака 4-6 сомониро ташкил медиҳад.

Ҷаҳиши нарх тақрибан дар даҳ рӯзи ахир дар ҳолест, ки чанд рӯз баъд моҳи Рамазон фаро мерасад. Ҳамасола дар остонаи ин моҳ дар Тоҷикистон болоравии нархҳо мушоҳида мешавад.

XS
SM
MD
LG