Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт донишҷӯ дар шаҳри Леваканд заҳролуд шуданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ҳашт донишҷӯйи Коллеҷи тиббии шаҳри Леваканд (Сарбанди собиқ) аз хӯрдани мураббои олуча заҳролуд шуда, дар шифохона бистарӣ ҳастанд. Ҳодиса панҷ рӯз пеш рух додааст.

Дилшод Ғафуров, масъули бемористони шаҳри Леваканд, рӯзи 5-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир вазъи саломати донишҷӯён муътадил мебошад.

Ба қавли ӯ, "заҳролудшудаҳо донишҷӯёни соли аввал ва дувуми Коллеҷи тиббӣ буда, аз мураббое, ки як ҳамсабақашон аз Қубодиён овардааст, заҳролуд шудаанд."

Ин ҳодисаи дувуми заҳролудшавии сокинон дар Хатлон давоми даҳ рӯзи охир аст.

Сомонаи "Фараж" навишт, дар ноҳияи Кӯшониён 11 нафар аз хӯрдани ғизо заҳролуд шуда, се нафар ҷон бохтанд ва сардухтури беморхонаи ҷамоати деҳоти Заргар аз мақомаш ронда шуд.

Мақомоти маҳаллӣ Идибек Боймуродзодаро бо иттиҳоми "беэътиноӣ" ба қазияи якбора заҳролуд шудани 11 нафар, ки бо марги як зану ду кӯдак аз оилаи Солиевҳо анҷомид, аз мақомаш барканор кардапнд.

Ин қазияро додситонии ноҳияи Кӯшониён таҳқиқ мекунад.

XS
SM
MD
LG