Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавлуда барои заҳролуд кардани шавҳару тифлонаш 24 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи Кӯлоб занеро, ки ба қатли ҳамсару ду фарзанди хурдсолаш муттаҳам мешуд, ба 24 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар додгоҳи минтақавӣ ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки муҳокимаи Мавлуда Одилова, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ моҳи июн сурат гирифт.

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ аз додгоҳ, муфаттишон собит кардаанд, ки Мавлуда Одилова аз моҳи май то июл чанд дафъа ба хӯроки шавҳараш ва волидони ӯ нурии минералӣ андохтааст. Аммо санҷиши дурустии ин хабар феълан даст надодааст.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ рӯзи 7-уми август гуфт: “Ҳукм охири моҳи июн содир шуд. Додгоҳ бо сабаби тифли хурд доштани зан амр дод, ки ӯро дар зиндони низомаш умумӣ нигаҳ доранд.“

Хешовандони Мавлуда Одилова нахостанд, дар бораи ҳукм ва парвандаи ӯ бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кунанд ва модараш танҳо инро гуфт, ки “зиндонаш карданд, мо дигар гапе надорем.” Онҳо нагуфтанд, ки ҳукмро одилона мешуморанд ё не ва оё ба додгоҳи болоӣ шикоят бурдаанд ё бо ҳукм муросо карданд.

Пештар Муслима Холова, модари Мавлуда баъд аз марги ду наберааш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки духтарашро бегуноҳ мешуморад, чун худи ӯ ҳам заҳролуд ва бистарӣ шудааст. Ӯ моҳи июл гуфт: “Қасам мехӯрад, ки ин корро накардааст ва ин як тӯҳмат аст. Мегӯяд, наход ин қадар азобҳоро пушти сар кардаму фарзандонам синфи 6-9 шуданду баъд ин корро кунам?»

Муслима Холова ҳамчунин гуфт, ки духтараш дар хонаи шавҳар зиндагии хуб надошт ва шавҳараш бо ҳар баҳона ӯро латукӯб мекард: "Як бор дар оғилхона дасту пояшро баста задааст. Ҳар корро баҳона карда, масалан, говҳоро алаф надодӣ гуфта, ӯро мезадааст."

Як мақоми огаҳ аз парванда ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зоҳиран модари панҷ фарзанд мехостааст, аввал фарзандонашро кушта ва сипас худкушӣ кунад. Аммо Мавлуда Одилова гӯё дар додгоҳ гуфтааст, ки мехост, бо ин роҳ аз шавҳар халос шавад. Аммо ин иддаоро хешовандони Мавлуда Одилова рад кардаанд.

Наздикони Қурбоналӣ Нуралиев, ҳамсари Мавлуда Одилова гуфтанд, ки аз ҳукми додгоҳ розианд ва “адолат нисбат ба хонаводаи онҳо барқарор шудааст.”

Мавлуда Одиловаро моҳи декабри соли 2018 ва баъд аз он дастгир карданд, ки тобистони он сол ду фарзандаш ба таври шубҳабарангез пайи ҳам фавтиданд ва шавҳараш Қурбоналӣ Нуралиеви 38-сола моҳи сентябр даргузашт. Яке аз фарзандонаш Басгул 3-сол ва Моҳинав 6 сол дошт ва ҳарду моҳи июли соли гузашта ҳалок шуданд. Табибон баъди ташхис маълум кардаанд, сабаби марги ду тифл заҳролудшавӣ будааст.

Мақомот баъд аз марги Қурбоналӣ Нуралиев ба таҳқиқи ҷиддии қазия шурӯъ карда, пас аз колбадшикофӣ ва ё ташхиси дубораи ҷасадҳо ошкор намудаанд, ки се узви хонавода дар натиҷаи заҳролуд шудан аз нитрати аммоний ҳалок шудаанд.

Ҳафтаномаҳои Тоҷикистон ҳамчунин гузориш доданд, аз ғизое, ки Мавлуда Одилова омода мекард, 9 узви дигари хонавода ба шумули 3 фарзанди дигари худи ӯ, як тифли якунимсола ва хусуру хушдоманаш ҳам заҳролуд шудаанд, вале ба табибон муяссар шудааст, ки онҳоро аз марг наҷот диҳанд.

XS
SM
MD
LG