Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтиёти Қирғизистон: Ваксиназанӣ рӯзаро намешиканад


Бишкек, Қирғизистон.
Бишкек, Қирғизистон.

Шӯбаи фатвои Идораи маънавии мусалмонони Қирғизистон бо судури як фатво гуфт, ки ваксиназанӣ зидди вабои коронавирус шиканандаи рӯзаи моҳи Рамазон нест.

"Агар шахси рӯзадор ваксина бигирад, рӯзааш намешиканад", - гуфт Бахтиёр Токтоғозӣ уулу, як корманди Идораи маънавии мусалмонони Қирғизистон. Ба иттилои ин Идора, моҳи Рамазон дар Қирғизистон 13 ё 14 апрел фаро хоҳад расид.

Қирғизистон рӯзи 19 март 150 вояи ваксинаи чинии Sinopharm дастрас кард. Рӯзи 29 март дар он кишвар ваксинзании сокинон шуруъ шуд.

Қирғизистон ҳамчунин мунтазири 500 ҳазор вояи ваксинаи русии "Спутника V" аст.

XS
SM
MD
LG