Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Русия ба бозгашти донишҷӯён аз Тоҷикистон иҷозат дод, аммо бо чанд шарт


Донишҷӯён гуфтанд, ки ҳангоми таҳсили онлайн аз гаронии нарху суръати сусти Интернет дар Тоҷикистон азият кашиданд

Ҳукумати Русия барои бозгашти донишҷӯёни шаш кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, ба он кишвар иҷозат дод. Қарор рӯзи 31-уми марти имсол қабул шудааст.

Дар умум тақрибан 26 ҳазор ҷавони тоҷик донишҷӯйи донишгоҳҳои Русия буда, қисме аз онҳо ба далели баста будани марзҳо як сол боз аз таҳсили ҳузурӣ маҳруманд.

Вазорати маорифи Русия рӯзи 4-уми апрел гуфт, донишҷӯёну аспирантҳо ва ординаторҳову шунавандагони факултаҳои омодагӣ аз Тоҷикистону Узбекистон, Олмон, Сурия, Венесуэла ва Шри-Ланка метавонанд, барои идомаи таҳсил баргарданд.

Вале мақомот гуфтаанд, донишҷӯёнро зарур аст, камаш 10 рӯз пеш аз сафар ба Русия масъулони донишгоҳҳоро аз тасмими худ огоҳ кунанд: "Баъдан ба онҳо дар бораи тартиби ворид шудан ба Русия маълумоти муфассал дода мешавад."

Аз донишҷӯён тақозо шудааст, се рӯз пеш аз ворид шудан ба ҳудуди Русия аз ташхиси коронавирус бигузаранд ва агар натиҷа манфӣ аст, хулосаашро бо забонҳои русву англисӣ бо худ бигиранд.

Инчунин, онҳо муваззаф шудаанд, баъд аз се рӯзи ба Русия расидан, дигарбора аз санҷиши бемории ҳамагир гузаранд ва то замони маълум шудани натиҷа гӯшанишинӣ кунанд: "Дар давраи гӯшанишинӣ, омӯзиш онлайн сурат мегирад. Ба донишҷӯёни хориҷӣ иҷозат дода нашудааст, ки бе санҷиши дувум дар шуъбаи рӯзона таҳсил кунанд."

Баъд аз паҳншавии бемории COVID-19, тӯли як соли охир, донишҷӯёни тоҷик маҷбур будан, онлайн таҳсили худро дар донишгоҳҳои Русия идома диҳанд, вале онҳо сари чанд вақт аз мушкилҳое ба монанди гаронии нархи Интернет ва суръати сусти он шикоят доштанд.

Донишҷӯёни тоҷик камаш ду дафъа дар назди Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафорати Русия дар Душанбе ҷамъ омада, хоҳони ҳалли мушкил шуданд. Онҳо пешниҳод карданд, донишҷӯёнро тавассути парвозҳои чартерӣ ба Русия баранд, аммо мушкилашон он замон ҳал нашуд.

Масъалаи донишҷӯёни тоҷик бори дигар дар охири моҳи марти имсол сар зад. Пас аз он ки Русия ба донишҷӯёни 25 кишвар барои таҳсили ҳузурӣ иҷозат дод, аммо номи Тоҷикистонро дар он рӯйхат зикр накард. Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфтанд, хабаргузории расмии "Ховар" аз чунин бархурди Маскав интиқод кард.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG