Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки чаро парвози маъмулӣ ба Русия сурат нагирифт.ВИДЕО


Муҳоҷирони мунтазир дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, 3-юми апрели 2021
Муҳоҷирони мунтазир дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, 3-юми апрели 2021

Мақомоти расмии Тоҷикистон сабаби сурат нагирифтани нахустин парвози маъмулӣ ба Русияро шарҳ дода ва айни замон ба мусофирон ваъда додаанд, ки онҳоро ҳафтаи оянда ба Маскав мебаранд.

Икром Субҳонзода, мудири Оҷонси ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон рӯзи 3-уми апрел ба хабаргузории давлатии “Ховар” гуфтааст, ки “Сабаб ба Қарори Ҳукумати Россия ворид нагардидани тағйирот доир ба оғози парвозҳои мунтазами Россия бо шаш кишвар, аз ҷумла, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Германия, Венесуэла, Сурия ва Шри-Ланка мебошад.” Бар асоси ин санад ба гуфтаи Икром Субҳонзода, парвозҳои мунтазам аз ин кишварҳо ба Русия бояд аз рӯзи 1-уми апрел аз сар гирифт мешуд.

Чаро ҳавопаймои нахустини маъмулӣ ба Маскав парвоз накард?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

Қарор буд, бомдоди 3-уми апрел соати 3:30 ба вақти Душанбе ҳавопаймои ширкати "ЮтЭйр" дар нахустин парвоз баъд аз як сол садҳо нафар аз мусофиронро ба Маскав мебурд, вале ҳавопаймо бар асоси ҷадвал парвоз накард. Чанде аз 200 нафаре, ки билет харида дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мунтазири парвоз буданд, ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, аз гӯшаву канори Тоҷикистон ба Душанбе омада, дар вазъияти ногувор монданд. Акбар Раҳимов, намояндаи ширкати "ЮтЭйр", гуфт, парвоз ба рӯзи 9-уми апрел ба таъхир афтодааст. Ӯ афзуд: "Ҷониби Русия хостааст, танҳо шахсоне ба он кишвар бираванд, ки шаҳрвандии Русияро доранд."

Хабаргузории “Ховар” низ навиштааст, ки парвоз рӯзи 9-уми апрел сурат мегирад. Ба навиштаи ин хабаргузории давлатӣ: “Роҳбарияти Агентии авиатсияи гражданӣ аз тамоми мусофироне, ки парвозашон ба 9-уми апрел дар хатсайри Душанбе –Москва ба таъхир гузошта шудааст, хоҳиш менамояд, ки ба ҳар гуна овозаю дасиса дода нашаванд, парвози онҳо ҳатман 9-уми апрел бидуни ягон мушкилот ва монеа сурат гирифта, хароҷоти мусофирон ҷуброн мегардад.

Парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар, моҳи марти соли 2020, ба сабаби хуруҷи бемории СОVID-19 қатъ шуд. То кунун ширкатҳои ҳавопаймоӣ танҳо бо парвозҳои чартерӣ мусофиронро ба қаламравҳои ду кишвар бурда меоварданд.

XS
SM
MD
LG