Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ховар" Русияро барои боз накардани роҳ ба рӯи донишҷӯёни тоҷик танқид кардааст


Донишҷӯёни тоҷик дар назди Сафорати Русия дар Душанбе. 20 ноябри соли 2020.

Мақомоти Русия эълон карданд, ки роҳи донишҷӯёни 25 кишвар ба ин кишвар боз шудааст. Дар пайи паҳншавии пандемияи коронавирус дар соли гузашта, Русия марзҳояшро ба рӯзи шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла донишҷӯён, баста буд. Дар ин муддат донишҷӯёни зиёде аз Тоҷикистон, ки ба донишгоҳҳои Русия дохил шуда буданд, натавонистанд ба дарс ҳозир шаванд.

Вазорати маорифи Русия рӯзи 20-уми март рӯйхати 25 кишвареро нашр кард, ки донишҷӯёни онҳо метавонанд барои таҳсил вориди Русия шаванд. Дар ин рӯйхат номи Эфиопия, Кореяи Ҷанубӣ, Осетияи Ҷанубӣ, Абхазистон, Озарбойҷон, Арманистон, Миср, Ҳиндустон, Сербия, Сингапур, Танзания, Туркия, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Куба, Молдив, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷазираҳои Сейшел, Ҷопон, Финляндия, Швейтсария, Беларус, Ветнам ва Юнон зикр шудааст. Мақомоти Русия ин кишварҳоро ба унвони давлатҳое зикр кардаанд, ки вазъи мусоиди эпидемиологӣ доранд.

Аммо номи Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳое, ки донишҷӯёнаш имкони бозгашт ба Русия дошта бошанд, зикр нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, коронавирус дар кишвар тақрибан аз байн рафтааст ва аз 10-уми январ ба ин тараф ягон ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт нашудааст.

Мақомоти тоҷик то ҳол дар бораи тасмими ахири Русия расман вокуниш накардаанд. Аммо хабаргузории давлатии "Ховар" рӯзи 21-уми март дар гузорише бо номи "ЛУҚМА. Чӣ монеъ мешавад, ки донишҷӯёни Тоҷикистон барои идомаи таҳсили рӯзона ба Россия баргарданд?" аз ин тасмим интиқод карда гуфтааст, мақомоти Русия роҳро ба кишварҳое боз кардаанд, ки вазъи беҳдоштӣ дар онҳо нигаронкунанда аст.

"Рӯйхат, агар мулоим карда гӯем, нофаҳмост. Ба он хотир, ки тибқи маълумоти Кумитаи омори ИДМ, ки чанде пеш нашр шудааст, маҳз аз нигоҳи солимии вазъи эпидемиологӣ Тоҷикистон дар байни кишварҳои Иттиҳод дар ҷои аввал қарор гирифтааст. Дар ҷои дуюм Узбекистон ҷойгир шудааст. Аммо, ҳарду кишвар ба рӯйхати Вазорати маълумоти олӣ ва илми РФ дохил карда нашудаанд. Аммо ба рӯйхат кишварҳое шомиланд, ки дар онҳо вазъи коронавирус, бо вуҷуди маҳдудиятҳои шадид ва оғози эмкунӣ, ташвишовартар аст",-омадааст дар гузориши хабаргузории "Ховар".

Дар гузориши хабаргузории давлатии "Ховар" суол гузошта шудааст, ки "пас мушкил дар чист? Чӣ монеъ мешавад, ки донишҷӯёни Тоҷикистон ба Россия барои идомаи таҳсили рӯзона баргарданд?"

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон соли гузашта 3 ҳазор ҷавони тоҷик ба донишгоҳҳои хориҷӣ дохил шуда, вале бо сабаби баста будани марзҳо натавонистанд ба макони таҳсилашон раванд. Ба гуфтаи масъулин, бештари донишҷӯёни тоҷик бояд ба донишгоҳҳои Русия ва Чин мерафтанд. Дар ин муддат донишҷӯёни тоҷик талош карданд, аз тариқи фосилавӣ ё онлайн дар дарсҳои донишгоҳҳо ширкат кунанд. Вале донишҷӯён шикоят доранд, ки суръати паст ва нархи гарони Интернет имкон намедиҳад, бахубӣ дарсҳои худро онлайн гузаранд.

Гуруҳи донишҷӯёни тоҷик, ки роҳашон барои таҳсил ба Русия баста шудааст пештар ба назди бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Сафорати Русия дар Душанбе рафта, хостори ҳалли мушкилашон шудаанд.

Русия дар ҳоле роҳи донишҷӯёни тоҷикро боз намекунад, ки як гурӯҳ аз мутахассисони "Роспотребнадзор" аз рӯзи 16-уми март ба ин тараф дар Душанбе ҳастанд ва вазъи беҳдоштии кишварро месанҷанд.

Мақомоти Русия қаблан гуфта буданд, ки мутахассисони "Роспотребнадзор" вазъи эпидемиологиро дар Тоҷикистон месанҷанд ва хулосаи онҳо дар Ситоди пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус баррасӣ мешавад. Танҳо баъд аз тасдиқи натиҷаҳои сафари ин ҳайат, Ситоди Русия метавонад дар бораи иҷозаи сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин кишвар тасмим бигирад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз оғози соли ҷорӣ пайваста дар бораи сабт нашудани мавридҳои гирифторӣ ба коронавирус хабар медиҳад. Омори мақомот дар бораи беморон ва қурбониён аз оғози пандемия шубҳаву гумонҳоро дар пай дорад. Баъзе аз мутахассисон мегӯянд, омори расмӣ дар бораи коронавирус вазъи воқеиро пурра бозгӯ намекунад.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG