Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коронавирус ба "Саргузашти Алишер" зиён расонд ва "Кӯчаи умед"-ро баст. ВИДЕО


Саҳнае аз филми "Суғдсинамо"
Саҳнае аз филми "Суғдсинамо"

Филмсозони “Суғдсинамо мегӯянд, пандемияи COVID-19 ва манъ шудани намоиши филмҳо дар кинотеатрҳо ба кори онҳо дар соли 2020 таъсири бисёр бад расонд.

Муҳиддини Музаффар, мудири ин муассиса ва коргардони ҷавони тоҷик гуфт, бинобар пеш омадани мушкили молӣ ва баста будани марзҳо натавонистанд, таҳияи чанд филмашонро ба поён расонанд. Аз ҷумла қарор буд, барои банду басти ниҳоии филми мустанади “Пайраҳаи мураббӣ ” ба Узбекистон ва Русия мерафтанд, вале натавонистанд.

Мебоист, филмҳои нави “Саргузашти Алишер” ва “Кӯчаи умед 612” дар кинотеатрҳо намоиш дода мешуд, вале нашуд ва пули сарфшуда барои таҳия барнагашт. Муҳиддини Музаффар ба Радиои Озодӣ гуфт: “Масалан мо натавонистем, маблағи қисми зиёди ҳунармандонеро, ки дар филми “Саргузашти Алишер” нақш бозиданд, пардохт намоем. Мо бояд аз ҳисоби даромади намоишҳо ин пулро пардохт мекардем, ки монеа пеш омад. Пандемия тақрибан 300 ҳазор сомонӣ ба муассисаи кучаки филмбардории мо зиён расонд, ки ҳамасола филмҳои навро манзури тамошобинон мекард”.

Коронавирус ба Саргузашти Алишер" зиён расонд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:15 0:00

Филмсозон роҳи бурунрафт аз буҳронро дар нашри филмҳояшон ба шабакаҳои иҷтимоии Ютуб диданд ва филмҳои ҳунарии “Тангно”, “12-соли интизорӣ”, “Вақте сайёра ранг иваз мекунад”, “Коса” филми мустанади “Умар-ако”-ро ба намоиш гузоштанд. Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ин филмҳоро тамошо карда ва баҳри дастгирии муассиса маблағ фиристоданд. Аммо ба гуфтаи Муҳиддини Музаффар бархе корбарон ин филмҳо нусхабардорӣ кардаанд ва бидуни ризоияти муаллифон дар дӯконҳо ба фурӯш мегузоранд.

Бархе телевизионҳои маҳаллӣ низ розӣ шудаанд, муваққатан ҳуқуқи намоиши филмҳои онҳоро бихаранд ва шартнома бастанд. Ин аз камтарин ҳолатҳост, ки телевизионҳо барои нашри филм маблағ бипардозад.

Таъсири мусбати коронавирус ба ҳаққи муаллифон

Муҳиддини Музаффар, мудири муассисаи “Суғдсинамо” ва коргардони филмҳо: “Ҳимоя шудани ҳуқуқи муаллиф дар телевизионҳо қариб, ки набуд. Ба мушоҳидаи ман хоса дар телевизионҳои вилояти Суғд комилан набуд. Ҳамин сохтори пардохти ҳаққи муаллиф, ки дар тамоми дунё як чизи маъмулӣ аст, аввалин қадамҳояшро дар минтақа муассисаи “Суғдсинамо” бо фуруши филмҳои “Тангно, Сайёра ранг иваз мекунад ва 12 соли интизорӣ” гузошт. Шояд таъсири пандемия низ буд, ки телевизионҳо барои худ маводи диданӣ меҷустанд, то тавонанд, диққати мардумро ҷалб кунанд. “

“Суғдсинамо” - муассисаи давлатист ва ҳарсол барои он аз буҷаи давлат 130 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад. Ҳудуди 20 коргари доимӣ дорад ва дар як сол то 5 филми ҳуҷҷатию бадеӣ ба навор мегирад. Соли 2021 ният доранд, 4 филми нав бигиранд, вале бо гузашти 6 сол аз таъсиси ин муассиса ҳукумат ҳанӯз ҳам барои онҳо бинои корӣ насохтааст,

Муҳиддини Музаффар, мудири муассисаи “Суғдсинамо” ва коргардони филмҳо: “Мавқеъи ман ин аст, ки филми хуб сохта фазоеро ба вуҷуд орам, то бино сохта шавад. Биноро кай ва чӣ гуна месозанд, ин рисолати онҳо аст. Лекин дар замони пандемия ин хоҳишро гузоштан душвор буд, чунки ҳукумат низ дар ҳама самтҳо вазъияти бӯҳронӣ дошт. Вале вазифаи асосии онҳо аст, ки мо ҳам як хонаи корӣ дошта бошем”.

Филмсозони “Суғдсинамо”, ки дар гузашта ҷоизаҳои байналмилалӣ гирифтаанд, нақша доранд, филми ҳунарии «Пайраҳаи мураббӣ» аз ҳаёти Саидмурод Давлатов равоншинос ва муаллифи китобҳои тиҷоратиро моҳи май дар кинотеатрҳо ба намоиш гузоранд. Ҳамчунин мисли солҳои қаблӣ дар рустоҳои Тоҷикистон ҳафтаи намоиши кино доир кунанд ва филмҳояшонро дар фиттаҳо ба ҳаводорон бифурӯшанд.

XS
SM
MD
LG