Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нома аз Самарқанд. Ёде аз Борис Кимёгаров ва филмҳои ӯ. АКС, ВИДЕО


Ато Аҳроров

Ато Аҳроров, номзади илмҳои санъатшиносӣ

Шаҳри Самарқанд

Тафаккури эпикии Кимёгаров дар филмҳо аз рӯи "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ

Дар таърихи фарҳанги Тоҷикистони Шӯравӣ Борис Кимёгаров мақоми хос ва сазовори хешро дошт. Ӯ коргардони мумтози синамои тоҷик ба шумор мерафт ва филмҳояш баёнгари ин гуфтаҳоянд.

Ӯ беҳуда ба синамо наомада буд. Мехост, баъд аз нахустин коргардонҳои миллӣ – Комил Ёрматов ва Ғуломризо Баҳор – ба ташаккул ва инкишофи синамои тоҷик саҳм гузорад.

Бо гузашти даҳсолаҳо, аз дидгоҳи имрӯз филмҳои Кимёгаровро ба ёд меорам ва муътақидам, ки ин марди дар эҷод пуркору ҷӯянда ва собитқадам бо офаридаҳояш дар рушди синамои миллии тоҷик, дар воқеъ, нақши бузург гузоштааст.

Филмҳои Кимёгаров аз ҷиҳати мавзуъ, равияву жанр ва услубашон гуногунранганд. Ҳоло мехоҳам, танҳо рӯйи як равияи эҷодии коргардон, ки мо онро равияи эпикӣ мегӯем, каме таваққуф намоям.

Аломатҳои эпикиро мо ҳанӯз дар филмҳои мустанад, алалхусус наворҳои калонҳаҷми публитсистии коргардон – "Тоҷикистон", "Одамони кишвари офтобрӯя", "Чаҳор суруд бар васфи Тоҷикистон", ки солҳои 40-50-уми асри гузашта эҷод шудаанд, дида будем.

Тафаккури эпикии Кимёгаров дар филмҳо аз рӯи "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

Дар ин наворҳо коргардон доираи мавзуъ ва миқёси тасвирро аз назари эпикии худ васеътар муайян мекард, ба амали экран рӯҳи романтикии некбинона мебахшид, то образи Тоҷикистон ва халқи тоҷик пурра ҷилвагар бошад.

Минбаъд дар филмҳои бадеии замонавӣ ("Бо амри дил" ва "Як умр кам аст") ва таърихиву инқилобӣ ("Дохунда" ва "Замони осоишта") низ баъзе аз хусусиятҳои эпикӣ мушоҳида мешаванд. Дар тасвири воқеаҳо ва қисмати одамон коргардон ҷузъиётро пайгирӣ намекард, балки масъалаҳои умдаи замонро ба миён мегузошт, ки он ба тамоми ҷамъият нисбат дошт.

Тафаккури эпикии Кимёгаров махсусан дар филмҳои аз рӯйи "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ офаридааш бештар намоён гардид. Коргардон талаботи эстетикии тамошогари тоҷикро хуб эҳсос менамуд, анъанаҳои миллии бадеии халқро хуб медонист ва хеле мехост, ки мероси пурғановати адабии халқ экранӣ карда шавад.

Маротибаи аввал, баъди он ки филми "Қисмати шоир"-ро дар бораи Рӯдакӣ ба анҷом расонид, коргардон ба ҳамосаи "Шоҳнома" рӯ овард ва аз рӯйи достони Кова филми “Ливои оҳангар”-ро рӯйи экран овард.

Баъд аз чанд филми замонавӣ ва инқилобӣ, ки ба идеологияи замона хизмат намуданд, аз нав ва тӯлонӣ болои наворгирии “Шоҳнома” кор кард ва солҳои 1970-ум филмҳои "Достони Рустам”, “Рустам ва Сӯҳроб” ва “Достони Сиёвуш”-ро ба экран овард.

Дар ин филмҳо диду ҳунари коргардонии Кимёгаров афзуд. Тамошобинони тоҷик ва на танҳо тоҷик филмҳоро хуш қабул намуданд. Боис ба комёбии бузург гардидани ин филмҳо он буд, ки байни каломи шоирона ва талқини экрании он мутаносибӣ ба вуҷуд омад ва он ба кушодани афкору амали пурвусъату доманадор дар мавзӯи абадии муборизаи хайру шар ва офаридани қаҳрамонҳои эпикӣ мусоидат намуд.

Ин филмҳо бо қувваи баланди бадеӣ ғояҳои гуманистии ҳамосаи миллии тоҷиконро таҷассум сохтанд. Филми "Қисмати шоир" дар бораи Рӯдакӣ ва филмҳо аз рӯйи ҳамосаи Фирдавсӣ номи Кимёгаровро дар таърихи синамои тоҷик абадӣ гардониданд.

Кимёгаров як умр дар сари кори эҷодӣ буд, оромӣ ва фароғатро намедонист. Аз сиҳатиаш дар хавотир буд, аммо корро во намегузошт. Дар ҳамин вазъ ӯ панҷ серия филми телевизиониро аз рӯйи романи Бруно Ясенский “Одам пӯсташро дигар мекунад” ба охир расонид.

Афсӯсу надомат, ки нахустнамоиши офаридаашро надида, соли 1979, дар 58-солагӣ ин дунёи фониро тарк намуд.

Дар рӯзи ҷашни 100-солагии Борис Кимёгаров мо номи неки ин коргардони бузургро ба забон мегирем, филмҳои беназири ӯро ба хотир меорем ва рӯҳашро шодбош мегӯем.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG