Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози ҳавопаймои "ЮтЭйр" аз Душанбе ба Маскав сурат нагирифт. Намояндаи ширкат: Ба таъхир афтод


Парвози ҳавопаймои ширкати "ЮтЭйр", ки қарор буд шаби 3-юми апрел, соати 3:30, даҳҳо муҳоҷирро аз Душанбе ба Маскав барад ва ба ин тартиб, ба парвозҳои мунтазам байни ду кишвар оғоз бахшад, сурат нагирифт.

Акбар Раҳимов, намояндаи ширкат, гуфт, парвоз ба рӯзи 9-уми апрел ба таъхир афтодааст. Беш аз 200 нафар аз ин ширкат билет харида, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мунтазири парвоз буданд. Чанде аз онҳо бо нигарониву ноумедӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз гӯшаву канори кишвар ба Душанбе омада буданд ва сарагардон шуданд.

Намояндаи "ЮтЭйр" гуфт, сабаби таъхири парвоз ин аст, ки "ҷониби Русия гуфтааст, тариқи ин парвоз онҳое метавонанд бираванд, ки шаҳрвандии Русияро доранд."

XS
SM
MD
LG