Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Қирғизистон марги як корманди вазорати хориҷиро таҳқиқ мекунад


Корманди пулиси Қирғизистон
Корманди пулиси Қирғизистон

Пулиси шаҳри Бишкеки Қирғизистон марги Бахтиёр Шокиров, корманди вазорати корҳои хориҷии он кишварро таҳқиқ мекунад.

"Озмоиш таъйин шудааст, ки баъди мушаххас шудани он иттилои бештар ироа хоҳад шуд", - гуфт Улан Ҷумаков, сухангӯи пулиси шаҳри Бишкек.

Расонаҳои он кишвар рӯзи 1 апрел дар бораи марги Бахтиёр Шокиров иттилоъ доданд. Ба иттилои пешакӣ, вай шаби 1 апрел ба Маркази миллии ҳифзи модару кӯдак рафта, сузандору гирифтааст.

Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи воксинзании Шокиров зидди COVID-19 хабар дода мешавад.

Дар Қирғизистон рӯзи 29 март марҳилаи аввали воксинзанӣ шуруъ шуд. Қирғизистон аз Чин 150 ҳазор вояи воксини чинии Sinopharm дастрас кардааст.

XS
SM
MD
LG