Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои як вазир дар Арманистон баъди латукӯби рӯзноманигор дар каҳвахона


Акоп Аршакян, вазири саноати технологияҳои олии Арманистон.
Акоп Аршакян, вазири саноати технологияҳои олии Арманистон.

Акоп Аршакян, вазири саноати технологияҳои олии Арманистон баъди он истеъфояшро эълом кард, ки ба рӯзноманигоре дар қаҳвахона ҳамла кард. Ин ҳодиса рӯзи 19 март рух дод. Вазир 31 март ба истеъфо рафт.

"Ҳамчун шаҳрванди Арманистон, бар ин назарам, ки истифодаи хушунат аз сӯи шахси мансабдор нисбати шаҳрванди дигар ғайри қобили қабул аст. Мо дар масири ислоҳоти ҷомеаи бидуни хушунат бояд ҳаракат кунем", - навишт мансабдори 35-сола дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ҳодисаи ҳамлаи мансабдор ба рӯзноманигор дар як қаҳвахона дар шаҳри Ереван сурат гирифт. Рӯзноманигор бо наворбардор ба назди вазир омад ва аз вай пурсид, ки чаро дар соати корӣ дар коргоҳаш қарор надорад.

Вазир гуфт, ки ҳамеша дар ҳолати корӣ қарор дорад, дар посух рӯзноманигор гуфт, соати кории вазир пардохт карда мешавад. Баъди ин вазир ба дунболи рӯзноманигор рафта, ӯро латукӯб кардааст.

XS
SM
MD
LG