Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон ваксинзании умумӣ шуруъ шуд


Тошканд, 1-уми апрели 2021
Тошканд, 1-уми апрели 2021

Вазорати ҳифзи тандурустии Узбекистон рӯзи 1-уми апрел хабар дод, ки дар он кишвар ваксинзании умумии зидди коронавирус шуруъ шудааст. Ба иттилои вазорат, айни замон дар он кишвар ду ваксина: ZF-UZ-VAC2001 истеҳсоли муштараки Узбекистону Чин ва AstraZeneca-и Бритониё истифода мешавад. Бино ба нақшаи аз пеш таҳияшуда, дар моҳи апрел беш аз 142 ҳазор кас дар Узбекистон ваксин зада хоҳанд шуд. Барои ваксинзанӣ 3138 нуқта ва 862 тими тиббӣ ташкил шудааст.

XS
SM
MD
LG