Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мансабдори Узбекистон аз расонаҳо хост, мавзӯи ҳамҷинсгароиро инъикос накунанд


Комил Алламҷонов
Комил Алламҷонов

Раиси шӯрои Бунёди ҷамъиятии кумак ва рушди расонаҳои Узбекистон Комил Алламҷонов аз ҳамаи расонаҳо ва блогнависони он кишвар даъват кард, ки "мавзӯи ҳамҷинсгароиро инъикос накунанд".

"Инъикоси доимии ин мавзуъ ҳассосияти одамонро кунд мегардонад. Агар ба ҳамин минвол идома кунад, мо одат мекунем, ки ин мавзӯи нохушояндро ҳамчун меъёр қабул кунем. Аммо дар воқеъ ҳангоми шунидани чунин гуфтугӯҳо мо бояд дар худ биларзем. Муҳокимаи умумӣ таваҷҷуҳи нохудогоҳи бархе аз қишрҳои ҷомеа (ба вижа наврасон)-ро ба ин мавзуъ ҷалб мекунад. Биёед, ақли салимро кор фармоему ба иғвоҳо дода нашавем", - навиштааст Алламҷонов дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Вай ҳамчунин илова кардааст, созмонҳои хориҷӣ "пеш аз он ки аз Узбекистон ва ё ҳар кишвари дигар талабе кунанд, бояд зеҳният (менталитет), дин, фарҳанг ва расму оини онро ба эътибор бигиранд".

"Албатта, ҳуқуқи инсон муҳим аст ва ҳар шаҳрванд, сарфи назар аз дидгоҳҳояш, зери ҳимояи давлат аст. Аммо дар кишвари мо, ки аксарият мусалмон ҳастанд, ҷомеа ҳамҷинсгароиро қабул надорад. Дини мубини мо, фарҳанги мо ба ин иҷозат намедиҳад. Блогер Миразиз Бозоровро пеши назар оред, ки ҳарфҳои беэҳтиётонаи вай ба чӣ оварда расонд?! Дар сурате ки агар қонунҳои марбут ба ҳамҷинсгароён ҳам сабук карда шаванд, ҷомеа онҳоро қабул нахоҳад дошт", - илова кард Комил Алламҷонов.

Вай афзуд, агар дар Узбекистон қонуни муҷозот барои ҳамҷинсгароӣ бекор шавад, пас, "ин гуна афрод озодона амал хоҳанд кард ва дар он сурат теъдоди ҷазоҳои худсарона ба маротиб хоҳад афзуд".

Рӯзи 28-уми март як гуруҳ аз сокинони Узбекистон дар шаҳри Тошканд блогер Миразиз Бозоровро бо баҳонаи пуштибонӣ аз ҳамҷинсгароён латукӯб карданд. Бозоров дар бемористон бистарӣ аст.

XS
SM
MD
LG