Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон: Навъи бритониёӣ ва африқоии коронавирус дар аксари минтақаҳои кишвар сабт шудааст


Вазорати тандурустии Қазоқистон рӯзи 30-юми март хабар дод, ки навъи маъруф ба бритониёӣ ва Африқои Ҷанубии коронавирус дар аксари минтақаҳои ин кишвар сабт шудааст. Мақомоти Қазоқистон баъд аз ҷорӣ кардани усули нави ташхиси коронавирус ба ин хулоса расидаанд.

"Навъи бртониёӣ, африқоӣ ва бразилиёии коронавирус дар вилоятҳои Қазоқистони Шарқӣ, Қазоқистони Шимолӣ, Костанай, Павлодар ва шаҳри Алмато сабт шуд. Ин навъи вирус метавонад, густариши бештар дошта бошад", - гуфт Алексей Тсой, вазири тандурустии Қазоқистон рӯзи 30-юми март.

"Аз 12 мавриди гирифторӣ ба навъи бритониёии коронавирус, ки дар шаҳрҳои Алматову Нурсултон ва вилояти Оқтеппа сабт шудааст, 8 мавридро аз хориҷ овардаанд. 4 гирифтори дигар ба хориҷ нарафтаанд. Яъне, ин маънои онро дорад, ки навъи бритониёӣ дар дохили кишвар паҳн шудааст", - гуфт вазир.

Мақомоти расмии Қазоқистон гуфтанд, аз ибтидои пандемияи коронавирус дар он кишвар 243 ҳазору 318 ҳолати гирифторӣ ба бемории ҳамагир сабт шудааст. Дар ин муддат аз коронавирус 3029 кас ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG