Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон нархи бензин боло рафт


Чимкент, Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.
Чимкент, Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Хабаргузориҳои маҳаллӣ иттилоъ медиҳанд, ки дар Қазоқистон бензин гарон шудааст. Дар шаҳри Нурсултони он кишвар бензини навъи АИ-92 аз 150-151 тангаи ибтидои моҳи март дар охири ин моҳ ба 156-160 танга барои ҳар литр расидааст. Дар шаҳрҳои дигари Қазоқистон низ ҳамин ҳолат мушоҳида мешавад.

Бархе аз ронандагон гуфтанд, рӯзи 30 март дар шаҳри Чимкент як литр бенини навъи АИ-92 160 танга, бензини АИ-96 178 танга фурӯхта мешуд.

Вазорати энержии Қазоқистон рӯзи 30 март дар шарҳи болоравии қимати бензин гуфт, давлат қимати сӯзишвориро аз соли 2015 ба ин тараф танзим намекунад.

Асет Магауов, ноиб-вазири энержии Қазоқистон гуфт, ки дар кишвараш захираи бензин “ба ҳадди кофӣ мавҷуд аст”.

“Айни замон дар пойгоҳҳои нафтӣ ва корхонаҳои коркарди нафт 254 ҳазор тона бензин мавҷуд аст. Ин миқдор бензин барои таъмини талаботи 25-рӯза кофист. Дар маҷмуъ, вазъи бозор муътадил аст ва қимати сӯзишвориро бозор муайян мекунад”, - гуфт Магауов.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, болоравии қимати сӯзишворӣ дар кишварҳои ҳамсоя ба Қазоқистон таъсир расонида ва қимати сӯзишвориро дар ин кишвар гарон кардааст.

XS
SM
MD
LG