Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Покистон монеи корвони норозиён ба Исломобод шудааст


Эътирозгарон аз кушта шудани чаҳор наврас аз сӯи шахсони ношинос нигарон ҳастанд. Акс аз тазоҳуроти рӯзи 23-юми марти 2021
Эътирозгарон аз кушта шудани чаҳор наврас аз сӯи шахсони ношинос нигарон ҳастанд. Акс аз тазоҳуроти рӯзи 23-юми марти 2021

Пулиси Хайбар Пахтунхва, вилояте дар шимолу ғарбии Покистон, монеи ҳаракати ҳазорон шахси норозӣ ба Исломбод шудааст.

Эътирозгарон мегӯянд, аз қатли чаҳор писар дар ин минтақаи наздик бо Афғонистон нигарон ҳастанд ва мехоҳанд, талабҳои худро ба мақомоти марказӣ бирасонанд.

Тақрибан 3000 нафар аз деҳаҳои атрофи шаҳри Ҷони Хел рӯзи 28-уми март як корвони эътирозиро ташкил карданд, ки аз мошинҳои сабукраву боркаш ва мототсиклҳо иборат буд.

Вале полис онҳоро дар болои пули дарёи Точи, 15-километрии ҷануби шаҳри Бонну, муҳосира кард. Маҳалли муқовимат дар минтақаҳои қабиланишини собиқи Покистон ҷойгир аст, ки дар соли 2018 ба вилояти Хайбар Пахтунхва ҳамроҳ шудаанд.

Пулис Муҳсин Довар, намояндаи Вазиристони Шимолӣ дар порлумони Покистонро дар шаҳри Карак дастгир кард. Ӯ талош доштааст, ба пули рӯдхонаи Точи биравад.

Довар рӯзи 26-уми март шиква карда буд, ки “ҳукумат ба ҷойи гӯш додан ба талаби норозиён, роҳҳои атрофро бастааст, то тазоҳуротро ба Исломобод накашонанд”.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 28-уми март дар шаҳре, дар тақрибан 25-километрии шарқи Бонну, садҳо норозӣ таҳдид карданд, ки агар сафари эътирозгаронро ба Исломбод таъмин накунанд, роҳи байни Пешовар ва Дараи Исмоил Хонро мебанданд.

XS
SM
MD
LG