Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳайат дар зиндон бо Навалний суҳбат кард, вале онро баъди ду рӯз ошкор намуд


Алексей Навалний
Алексей Навалний

Аъзои Кумисюни назорати ҷамъиятӣ дар минтақаи Владимир бо пешвои зиндонии мухолифини Русия, Алексей Навалний, мулоқот кардаанд.

Дидору суҳбати онҳо пас аз шикояти Навалний дар бораи бад шудани вазъи саломатияш ва хадамоти сусти тиббӣ дар зиндони рақами ду сурат гирифт.

Вячеслав Куликов, раиси Кумисюн, рӯзи 28-уми март дар изҳороте гуфт, бо Алексей Навалний вохӯрд, то дар бораи вазъи сиҳҳатиаш ва расондани ёрии тиббӣ маълумот пайдо кунад.

"Ӯ дар ҷараёни суҳбат аз дарди пой шикоят кард ва хост, барои рафъи он сӯзандору гузаронанд", -- гуфт Куликов ва афзуд, "Навалний роҳ гашта метавонад ва шикояти дигаре надорад. Мо аз пизишкон хостем, ки ба ин масъала диққат диҳанд ва агар зарур шуд, иловатан муоина кунанд."

Дар ҳамин ҳол, дар изҳороте, ки рӯзи 28-уми март дар саҳифаи Навалний дар Твиттер нашр шуд, омадааст, сафари ҳайати Кумисюни назорати ҷамъиятӣ субҳи 26-уми март сурат гирифтааст. Дар онҷо пурсидаанд, "чӣ монеъ шуд, ки онҳо дар ин бора фавран нақл накарданд ва ду рӯз хомӯш истоданд?"

Алексей Навалний қаблан гуфта буд, аз дарди шадиди камар ранҷ мебарад ва мақомоти зиндон барои дармонаш "коре" намекунанд. Ӯ, инчунин, гуфт, дар зиндон нағз хоб рафтан намегузоранд ва аз ин тариқ шиканҷа медиҳанд.

Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо бори дигар аз Русия хостаанд, ки раҳбари мухолифинро зуд озод кунад. Сухангӯи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, Кремл ба муроҷиатҳо дар бораи раҳоии Навалний вокуниш намекунад, "чун дар ин кор нақше надорад".

XS
SM
MD
LG