Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ва Чин ба созишномае барои 25-сол имзо мегузоранд


Си Ҷин Пин, раҳбари Чин ва Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти Эрон
Си Ҷин Пин, раҳбари Чин ва Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти Эрон

Интизор меравад, ки Эрон ва Чин рӯзи 27-уми март як созишномаи баҳсбарангези дуҷонибаро барои 25-соли оянда имзо кунанд.

Ҷузъиёти ниҳоии ин созишнома ифшо нашудааст, аммо интизор меравад, ки он сармоягузории Чин дар бахшҳои энержии Эронро дар бар гирад.

Чин шарики асосии тиҷоратии Эрон ва бозори калидӣ барои содироти нафти ин кишва мебошад, ки таҳти таҳримҳои ИМА шадидан маҳдуд шудааст.

Саид Хатибзода, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон рӯзи 27-уми март гуфт, ки созишнома ҷузъҳои "сиёсӣ, стратегӣ ва иқтисодӣ" -ро дар бар мегирад. Хатибзода гуфт, ки созишномаро вазири корҳои хориҷии Чин Ванг И имзо хоҳад кард, ки охири рӯзи 26-уми март вориди Теҳрон шуд.

Мақомоти Эрон гуфтанд, ки ин созишнома дар сафари моҳи январи соли 2016 аз ҷониби раисиҷумҳури Чин Си Ҷин Пин ба Эрон пешниҳод шудааст.

Сокинони Эрон мақомдоронро ба пинҳон кардани бандҳои созишнома айбдор мекунанд ва мегӯянд, эҳтимол онҳо гузаштҳои зиёде ба Чин кардаанд.

Ҷумҳурии исломии Эрон, ки таҳти таҳримҳои ИМА қарор дорад, дар солҳои охир бештар ба Чин рӯ овардааст.

XS
SM
MD
LG