Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш зани узбекро барои бо тани нимурён пухтани суманак ҷазо доданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи Урганҷ дар Узбекистон шаш занро, ки шаби 20-уми март дар яке аз тарабхонаҳои шаҳр бо тани нимурён суманак пухта буданд, ҷазо додааст. Парвандаи маъмурии занон рӯзи 24-уми март бо иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳо баррасӣ шуд.

Се занро бар асоси банди "майдаавбошӣ" айбдор ва ба 15 шабонарӯз ҳабс маҳкум карданд. Додгоҳ се гумонбари дигарро ба маблағи 1,22 миллион сӯм (ҳудуди 100 доллар) ҷарима баст. Ин се нафар ба хотири кӯдак доштан ҷарима шудаанд.

Навори суманакпазии бонувони нимурён рӯзи 21-уми март дар Интернет нашр шуда, баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Онҳо раққосаҳои клуби шабонаи "Сахара" будаанд.

Баъд аз нашри видео ва вокуниши тунди корбарон ҳамаи занҳо ба бозпурсӣ ба Идораи пулиси Урганҷ даъват ва акси онҳо ҳангоми бозпурсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

XS
SM
MD
LG