Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як корманди консулгарии Русия дар Страсбург дар дуздии дучарха гумонбар шуд


Марди дучархасавор аз назди бинои Парлумони Аврупо дар шаҳри Страсбург убур мекунад. Октябри соли 2020
Марди дучархасавор аз назди бинои Парлумони Аврупо дар шаҳри Страсбург убур мекунад. Октябри соли 2020

Полиси шаҳри Страсбург як корманди консулгарии Русияро дар дуздиву фурӯши дубораи дучархаҳо гумонбар кардааст. Эҳтимол меравад, ки ӯ аз ин роҳ беш аз 100 ҳазор евро маблағ ба даст овардааст. Корманди консулгарии Русия баъди он боздошт шуд, ки дучархаи собиқ муовини аввали раиси ин шаҳрро дуздид, вале бо сабаби доштани масунияти дипломатӣ ба озодӣ баромад.

Дар бораи ин ҳодиса радиои France Bleu хабар додааст. Дар хабар омадааст, ки шаҳрванди 40-солаи Русия оғози моҳи феврал дар муқобили бинои консулгарии Русия ба ҳангоми кӯшиши фурӯши дучархаи дуздӣ боздошт гардид. Ин дучарха аз назди бинои намояндагии Шӯрои Аврупо дуздида шуда, соҳибаш вакили маҷлиси шаҳри Страсбург ва собиқ муовини раиси ин шаҳр Ален Фонтанел будааст.

Сиёсатмадори фаронсавӣ дучархаи дуздидашудаашро дар эълонҳои интернетӣ шинохта ба полис хабар додааст. Полис ба тоҷири дучарха занг зада ӯро ба мулоқот даъват намуд ва дар ҳамин ҳолат ӯро боздошт кард. Ин мард коргари техникии консулгарӣ буда, дорои масунияти дипломатӣ будааст ва бо ҳамин сабаб ҳам ӯро аз боздошт озод карданд. Дар хабар омадааст, ки ин мард ронандаи яке аз дипломатҳои консулгарӣ буд.

Дар саҳифа ё эккаунти шаҳрванди Русия дида мешавад, ки ӯ беш аз 300 адад дучархаро бо нархи умумии 100 ҳазор евро фурӯхтааст. Тахмин мешавад, ки ҳамаи онҳо дуздӣ буданд. Баъди он ки дипломати боздоштшуда озод гардид, ӯро дигар ба бозпурсӣ даъват карда натавонистанд, чунки ӯ кишварро тарк кард. Дар шарҳи сабаби тарки кишвар гуфта шуд, ки саломатии ӯ бад шуд.

XS
SM
MD
LG