Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен: Олмонро аз таҳрими эҳтимолӣ барои лӯлаи газ огоҳ мекунам


Тарҳи сохтмони лӯлаи гази  “Северный поток-2” дар давоми беш аз 10 сол як мавзӯи баҳсбарангез шудааст
Тарҳи сохтмони лӯлаи гази  “Северный поток-2” дар давоми беш аз 10 сол як мавзӯи баҳсбарангез шудааст

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, ки лӯлаи гази “Северный поток-2”, ки аз Русия ба Олмон сохта шудааст, ба манфиатҳои Иттиҳоди Аврупо посухгӯ нест ва ба Олмон бо таҳрим таҳдид кард. Блинкен рӯзи 23 март дар Брюссел ҳангоми дидор бо дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт: “Президент Ҷо Байден хеле рӯшан гуфт, ки бовар дорад лӯла фикри бад аст, барои Аврупо бад аст, барои ИМА бад аст ва дар ниҳоят бо ҳадафҳои амниятии Иттиҳоди Аврупо дар ихтилоф мебошад”.

Бо вуҷуди ин ки беш аз даҳ сол аст ИМА мухолифи сохтмони лӯлаи гази русӣ ба Олмон садо баланд мекунад, Олмон дар талоши анҷоми сохтмони он мебошад. Мн лӯла аз бистари баҳри Балтика гузашта, соле метавонад 55 миллиард кубометр газро аз Русия ба Олмон интиқол диҳад. ИМА мегӯяд, ки ин тарҳ Аврупоро аз захираҳои энержии Русия хеле вобаста хоҳад кард. Ин лӯла инчунин дур аз назари Украина, як муттафиқи ИМА мегузарад, ки дар натиҷа ин кишварро аз даромади ҳангуфти транзити газ маҳрум мекунад.

Блинкен аз як қонуни ИМА ҳам ёдовар шуд, ки ҷорӣ кардани таҳрим ба ширкатҳои ҳамкори тарҳи “Северный поток-2”-ро пешбинӣ мекунад. Дар ин қонун навишта шудааст, ки ин тарҳ манфиатҳои воқеии Украина, Полша, чанд муттафиқ ва ҳамкори дигари ИМА-ро зарба мезанад. Блинкен гуфт, ки рӯзи 23-юми март дар мулоқоти нахустини рӯбарӯяш бо вазири хориҷаи Олмон Ҳейко Маас аз таҳримҳои эҳтимолӣ ҳушдор медиҳад.

XS
SM
MD
LG