Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди баҳсҳои тӯлонӣ: маҳдудиятҳои Олмон то 18-уми апрел тамдид шуд


Хӯсаи коронавирус дар дасти эътирозгарони маҳдудиятҳои иҷтимоӣ дар Олмон
Хӯсаи коронавирус дар дасти эътирозгарони маҳдудиятҳои иҷтимоӣ дар Олмон

Дар Олмон қарор шуд, ки дар пешорӯи мавҷи сеюми коронавирус маҳдудияти сартосарии нисбӣ то 18-уми апрел тамдид карда шавад. Музокироти аъзои ҳукумат ва раҳбарони минтақаҳои федеролӣ то дери шаб идома кард ва мақомот дар соатҳои аввали 23-юми март ниҳоят ба мувофиқа расиданд, ки инчунин дар давоми панҷ рӯзи Иди пок дар кишвар маҳдудияти бисёр сахту шадиде ҷорӣ мешавад. Қарор ин шуд, ки дар Олмон дар рӯзҳои 1 то 5-уми апрел тақрибан ҳамаи фурӯшгоҳҳо баста шуда, маросимҳои динӣ онлайнӣ барпо мешаванд. Танҳо рӯзи 3-юми апрел ба супертмаркетҳо иҷоза мешавад, ки дарҳои худро ба рӯи муштариён боз кунанд. Садри аъзам Ангела Меркел баъдан ба хабарнигорон гуфт, “мо ҳоло дар як вазъияти бисёр ҷиддӣ қарор дорем”. Ба қавли ӯ, навъи нави бритониёии коронавирус, ки дар кишвар паҳн шудааст, “пандемияи нав” мебошад. Маҳдудиятҳои нав дар ҳолест, ки се ҳафта пеш мақомот мехостанд маҳдудиятҳоро тадриҷан сабук кунанд.

Дар Фаронса, Итолиё, Австрия ва Полша ҳам мақомот чораҳоро шадидтар кардаанд.

XS
SM
MD
LG