Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори Русия донишҷӯёни тоҷикро ноумед кард.ВИДЕО


Солона ҳазорон донишҷӯйи тоҷик барои таҳсил ба Русия мераванд.

Эълони номи кишварҳое, ки донишҷӯёнашон метавонанд барои таҳсил вориди Русия ворид шаванд, садҳо нафарро дар Тоҷикистон ноумед кардааст.

Эълони номи кишварҳое, ки донишҷӯёнашон метавонанд барои таҳсил вориди Русия ворид шаванд, садҳо нафарро дар Тоҷикистон ноумед кардааст.

Донишҷӯёни тоҷик, ки ба донишгоҳҳои Русия дохил шудаанд мегӯянд, умед доштанд, ки баъди як соли интизорӣ, роҳи онҳо низ барои таҳсил боз мешавад, вале чунин нашуд. Иҷозати сафар наёфтани донишҷӯёни тоҷик ба Русия интиқоди хабаргузории давлатии Ховарро ҳам ба миён овард.

Вазорати маорифи Русия рӯзи 20-уми март рӯйхати 25 кишвареро нашр кард, ки донишҷӯёнашон метавонанд барои таҳсил вориди Русия шаванд. Дар ин рӯйхат номи Эфиопия, Кореяи Ҷанубӣ, Осетияи Ҷанубӣ, Абхазистон, Озарбойҷон, Арманистон, Миср, Ҳиндустон, Сербия, Сингапур, Танзания, Туркия, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Куба, Молдив, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷазираҳои Сейшел, Ҷопон, Финляндия, Швейтсария, Беларус, Вйетнам ва Юнон зикр шудааст. Мақомоти Русия ин кишварҳоро ба унвони давлатҳое зикр кардаанд, ки вазъи мусоиди эпидемиологӣ доранд.

Чаро Русия роҳи донишҷӯёни тоҷикро боз намекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

Аммо номи Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳое, ки донишҷӯёнаш имкони бозгашт ба Русия дошта бошанд, зикр нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, коронавирус дар кишвар тақрибан аз байн рафтааст ва аз 10-уми январ ба ин тараф ягон ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт нашудааст.

“Намехоҳам, ки як соли умрам беҳуда равад”

Тасмими мақомоти Русия дар бораи роҳ додани донишҷӯёни 25 кишвар барои таҳсил, дар Тоҷикистон ба вокунишҳои гуногун рубарӯ шуд. Бахусус донишҷӯёни дармонда мегӯянд, умедашон барои таҳсил дар соли равон хеле кам мондааст. Ба гуфтаи бархе муҳассилин, агар то охири моҳ роҳашон ба Русия кушода нашавад, як соли умрашон беҳуда меравад.

Абдурашид Исмоилов, муҳассили Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Новосибирск ба Радиои Озодӣ гуфт, аз 1-уми апрел дарсҳои фосилавӣ қатъ мешаванд, вале то ҳол ба онҳо иҷозаи сафар ба Русияро намедиҳанд:“Аз ҳисобе, ки мо дар дарсҳо иштирок намекунем, донишгоҳи мо рухсатии академиро пешниҳод кардааст. Барои он чунин пешниҳод доранд, ки аз 1 апрели соли ҷорӣ дарсҳои амалии мо оғоз мешаванд. Мо ҳоло дар Тоҷикистон қарор дорем ва намехоҳем, ки як соли умрамон беҳуда сарф шавад."

Ба гуфтаи донишҷӯёни дармонда, барои ҳалли мушкилашон то ин дам ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Сафорати Русия дар Душанбе муроҷиат кардаанд, аммо ин талошҳо то ин дам бенатиҷа буд. Ба гуфтаи донишҷӯён, суръати пасти интернет таҳсили фосилавиро аз Тоҷикистон мушкил кардааст. Аз сӯи дигар донишҷӯён бахусус онҳое ки дар риштаи пизишкӣ таҳсил мекунанд бояд дар донишгоҳ бошанд.

Парвизҷон Рӯзиев барои таҳсили ҳатмии баъдидипломӣ дар риштаи тибб ё ординатура бояд дар Русия мебуд. Ӯ мегӯяд, дар риштаи тиббӣ наметавон фосилавӣ таҳсил кард. “Дар нимсолаи аввал мо каму беш имкон доштем фосилавӣ таҳсил кунем. Дар нимсолаи дуввум албатта не. Чун мо пизишк-ординатор ҳастем ва моро ба клиникаҳо тақсим мекунанд, ки ин куллан имкони фосилавӣ таҳсил карданро аз байн мебарад," - афзуд донишҷӯ.

Интиқоди Ховар: Чаро ИДМ вазъи беҳдоштиро хуб гуфт, аммо..

Вале танҳо донишҷӯён нестанд, ки аз боз нашудани роҳашон ба Русия нигаронанд. Хабаргузории расмии Ховар ҳам дар гузорише бо номи "ЛУҚМА. Чӣ монеъ мешавад, ки донишҷӯёни Тоҷикистон барои идомаи таҳсили рӯзона ба Россия баргарданд?" аз ин тасмим интиқод карда гуфтааст, мақомоти Русия роҳро ба кишварҳое боз кардаанд, ки вазъи беҳдоштӣ дар онҳо нигаронкунанда аст.

Ховар навиштааст, Кумитаи омори ИДМ аз нигоҳи солимии вазъи беҳдоштӣ Тоҷикистонро дар ҷойи аввал гузоштааст, вале сарфи назар аз ин Русия роҳи донишҷӯёни тоҷикро боз накард. Ишораи хабаргузории расмӣ ба он аст, ки идораи беҳдошти Русия ё Роспотребнадзор то ҳол Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои дорои “вазъи мусоиди эпидемиологӣ” ворид накардааст.

Оё мушкил ба узвият дар Иттиҳоди Авруосиё рабт дорад?

Дар ҳамин ҳол бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, роҳ надодани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷумла донишҷӯён ба Русия эҳтимол ба хотири он аст, ки Душанбе то ҳол узвияти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро қабул накардааст. Далели корбарон барои исботи ин назар чунин аст, ки Русия роҳи донишҷӯёни Қирғизистон ва Қазоқистонро боз кард, чун онҳо узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳастанд. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз ҷумла Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ чунин назарҳоро рад карда гуфтаанд, барқарор шудани парвозҳо ба Русия ҳеч рабте ба узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё надорад.

Дар пайи паҳншавии пандемияи коронавирус дар соли гузашта, Русия марзҳояшро ба рӯзи шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла донишҷӯён, баста буд. Дар ин муддат донишҷӯёни зиёде аз Тоҷикистон, ки ба донишгоҳҳои Русия дохил шуда буданд, натавонистанд ба дарс ҳозир шаванд.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон соли гузашта 3 ҳазор ҷавони тоҷик ба донишгоҳҳои хориҷӣ дохил шуда, вале бо сабаби баста будани марзҳо натавонистанд, ба макони таҳсилашон раванд. Бештари ин донишҷӯён бояд ба Русия ва Чин мерафтанд.

Шарҳҳоро бинед (18)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG