Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи донишҷӯён ба Русия боз шуд, вале на аз Тоҷикистон


Ҷамъомади донишҷӯён барои дарёфти кумак дар сафар ба Русия. Душанбе, 11 сентябри соли 2020

Ҳукумати Русия тартиби сафари донишҷӯёни хориҷиро барои идомаи таҳсил дар донишкадаҳои ин кишвар муайян кард. Вале иҷозати сафар танҳо ба кишварҳои рабт мегирад, ки парвозҳои оддияшон бо Русия барқарор шудааст. Пештар гуфта мешуд, ки бо сабаби баста будани роҳҳо зиёда аз 3000 донишҷӯи тоҷик натавонистаанд, ба Русия баргарданд ва дар ватан низ ба иллати сустӣ ва гаронии нархи интернет аз таҳсили маҷозӣ дур монданд. Аз сӯи дигар то ҳол байни Тоҷикистон ва Русия парвозҳои муқаррарӣ аз сар гирифта нашудаанд.

“Роспотребнадзор”, як ниҳоди танзимкунандаи умури беҳдоштии Русия тартиби ворид шудани донишҷӯёни хориҷиро ба ин кишвар чунин муайян кард, ки онҳо бояд ду дафъа аз озмоиши бемории COVID-19 гузаранд. Ташхиси аввал бояд на дертар аз 3 рӯзи пеш аз вуруд ба Русия ва ташхиси дуввум дар давоми 72 соати баъди расидан ба ин кишвар супорида шавад. Ин қарор танҳо ба кишварҳое дахл дорад, ки бо Русия парвозҳои муқаррариро оғоз намудаанд. Тоҷикистон ба ин гуруҳи кишварҳо дохил намешавад.

"Санадҳои тиббии тасдиқкунандаи натиҷаи озмоиши COVID-19, ки то ва баъди ворид шудан ба қаламрави Русия гирифта шудааст, бояд бо забони англисӣ ва ё русӣ бошанд,”- омадааст дар қарори "Роспотребнадзор". То маълум шудани натиҷаҳои санҷиши дуввум донишҷӯ бояд гӯшанишинӣ кунад.

Бо сабаби ҳамагирии коронавируси нав ва баста будани роҳу марзҳо ҳазорҳо донишҷӯ имсол натавонистанд барои идомаи таҳсил ба Русия сафар кунанд. Барои аксари ин донишҷӯён шароити таҳсили фосилавиро низ фароҳам нашудааст.

Вазири илм ва маорифи Русия, Валерий Фалков чанде пеш иқрор кард, ки 100 ҳазор донишҷӯи хориҷӣ, аксаран аз кишварҳои Шӯравии пешин натавонистанд таҳсилро дар Федератсияи Русия идома диҳанд.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ҳам рӯзи 5 феврал гуфт, соли гузашта 3 ҳазор ҷавони тоҷик ба донишгоҳҳои хориҷӣ дохил шуданд, вале бо сабаби баста будани марзҳо натавонистанд, ба макони таҳсилашон раванд. Ба қавли Маҳмадюсуф Имомзода, бештари донишҷӯён бояд ба донишгоҳҳои Русия ва Чин мерафтанд.

Рӯзи 11 -уми сентябри соли гузашта гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Русия, ки бо сабаби густариши коронавируси нав имкони рафтан ба он кишварро надоштанд, дар назди бинои сафорати Русия дар Душанбе ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷамъ омада, хостори ҳалли мушкили сафарашон шуданд.

Донишҷӯён шикоят доранд, ки суръати паст ва нархи гарони Интернет имкон намедиҳад, бахубӣ дарсҳои худро онлайн гузаранд. Азбаски қарори нави мақомоти Русия танҳо барои донишҷӯёни кишварҳоест, ки бо Русия парвозҳои доимиро аз сар гирифтаанд, боз ҳам донишҷӯёни тоҷик аз он берун мемонанд ва кай баргаштани онҳо ба Русия зери суол мемонад. Ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон мегӯянд, масъалаи барқарор кардани парвозҳои муқаррариро мавриди гуфтушунид қарор додаанд. Натиҷаи онҳо кай ошкор мешавад, маълум нест.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG