Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AI гуфт, истисмору сӯистифодаи муҳоҷирони корӣ дар Қатар идома дорад


Варзишгоҳи бузурги Ал-Байт, ки муҳоҷирони корӣ месозанд.
Варзишгоҳи бузурги Ал-Байт, ки муҳоҷирони корӣ месозанд.

Созмони Авфи Байналмилал аз Федератсиюни Байналмилалии Футбол хост, Қатарро водор кунад, ки вазъи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар дар Халиҷи Форсро беҳтар намояд.

Дар баёнияи ин созмони ҳомии ҳуқуқ, ки рӯзи 22-уми март нашр шуд, омадааст: “Қатар дар солҳои гузашта ислоҳоти мусбате анҷом дод, ки он ҳам ба шарофати қарордод дар бораи мизбонии Ҷоми Ҷаҳонии Футбол буд. Аммо ин ислоҳот аксаран дуруст амалӣ намешаванд ва ҳазорон муҳоҷири корӣ мавриди истисмору табъиз қарор мегиранд.”

Афви Байналмилал дар номаи чаҳорсаҳифагӣ ба Ҷианнӣ Инфантино, раиси ФИФА аз ӯ хостааст, “тадобире фаврӣ ва мушаххасе биандешад, мусобиқот барои тамоми муҳоҷирони корӣ дар Қатар мероси мусбат ва мондагореро боқӣ гузорад.” Ҷоми Ҷаҳонии Футбол, аз мусобиқоти пурбинандатарин дар ҷаҳон аст, соли 2022 баргузор мешавад.

Созмон ҳамчунин гуфтааст, ФИФА ҳамчун баргузоркунандаи Ҷоми Ҷаҳонии Футбол, масъул аст, замонат бидиҳад, ки тамоми ҳуқуқи коргарону дигарон дар ҷараёни омодагӣ ва худи мусобиқа риоят шавад. Дар Қатар 2 миллион муҳоҷири корӣ аз Осиёву Африқо кор мекунанд, ки 95 дар сади нерӯи кории ин кишвари хурдро ташкил медиҳанд.

Иншооти азим ба мисли майдонҳои футбол, роҳ дигар зербунёдҳои нақлиётии лозим барои Ҷоми Ҷаҳонии Футболро муҳоҷирон месозанд ва хадамоти муҳимро дар замони мусобиқот низ онҳо хоҳанд расонд.

Баъди онки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар бораи истисмору зери по кардани ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Қатарро ошкор карданд, ҳукумати ин кишвари сарватманди арабӣ ва саршор аз нафту газ таҳти фишори ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифт, то вазъи муҳоҷирони кориро беҳтар созад.

Рӯзи 20-уми март дар Қатар қонуне ҳукми иҷро гирифт, ки бар асоси он музди ҳадди аққали кор дар ин кишвар набояд камтар аз 275 доллар бошад. Қонуне, ки дигар кишварҳои Халиҷи Форс надоранд. Агар кордиҳандагон чунин музде ба коргар дода натавонанд, бояд пули хӯрок ва ҳаққи иҷоранишинии онҳоро бидиҳанд.

Моҳи октябри соли 2019 Қатар ҳамчунин як қоидаи баҳсбарангези қонуниро бардошт, ки бар асоси он муҳоҷири корӣ бояд барои тарки ин кишвар, ё тағйири ҷойи кор аз кордиҳанда иҷоза мегирифт.

Афви Байналмилал гуфтааст, аз байн бурдани ин муқаррарот кофӣ нест ва дар нома ба номи раиси ФИФА гуфтааст: Ҳарчанд ин тағйироти қонунӣ, ба коргарон имкон медиҳанд, ба осонӣ аз даст кордиҳандаи истисморгар раҳо шаванд, аммо дар умум, сӯистифода аз онҳоро кам ва вазъашонро беҳтар намекунад. Барои ҳамин бояд чораҳои иловагӣ барои тақвияти муҳофизати онҳо, амалӣ кардани қоидаҳо ва иҷрои дигар ислоҳот зарур аст.”

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ: “Иҷрои номуносиб ва амалӣ кардани ислоҳот дар Қатар то кунун бад ин маъност, ки мутаасифона зиндагии коргарон нохуб мемонад ва сӯистифодаи ҷиддии онҳо дар кишвар идома дорад.”

Муроҷиати Афви Байналмилал ба ФИФА баъд аз он нашр шуд, ки чанде пеш рӯзномаи муътабари бритониёии Гордиан гузориш дод, аз замони мизбони Ҷоми Ҷаҳонии Футбол эълон шудани Қатар дар соли 2010 дар ин кишвар 6500 муҳоҷири корӣ аз Ҳинд, Непал, Бангладеш ва Шри Ланка дар он кишвар ҳалок шудаанд.

XS
SM
MD
LG