Президенти Федератсияи байналмилалии футбол Ҷанни Инфантино эълом дошт, ки бозиҳои Ҷоми ҷаҳон-2022 дар Қатар бо ҳузури тамошобинони сершуморе, ки ҷойгоҳҳоро пур мекунанд, баргузор мешаванд.
Инфантино дар ин бора дар як конфронси муштараки FIFA ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар доираи мубориза бо коронавирус хабар дод.
"Варзишгоҳҳо пур мешаванд. COVID-19 то он замон мағлуб хоҳад шуд ва мо ҳама ба зиндагии муқаррарӣ бармегардем", - иброз дошт раҳбари FIFA дар ин конфронс.
Ёдовар мешавем, Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар аз 21-уми ноябр то 18-уми декабри соли 2022 баргузор мешавад. Дар он 32 дастаи мунтахаби миллӣ ширкат хоҳад кард.
Бозии ифтитоҳии мусобиқа, ки дар он дастаи мунтахаби миллии Қатар бозӣ мекунад, 21-уми ноябр дар варзишгоҳи “Ал-Байт” доир мегардад. Дар ин дидор мизбони мусобиқа - тими миллии Қатар - иштирок хоҳад кард.
Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ то 2-юми декабр идома меёбанд, 1/8 финал аз 3-юм то 6-уми декабр, 1/4 финал - 9-10-уми декабр, 1/2 финал - 13-14-уми декабр баргузор мешаванд.
Бозӣ барои ҷои севум 17-уми декабр дар Варзишгоҳи байналмилалии “Халифа”-и Доҳа сурат мегирад. Бозии ниҳоӣ бошад, 18-уми декабр дар варзишгоҳи «Лусайл»-и шаҳри Лусайл барпо хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки Қатар моҳи декабри соли 2010 барои мизбонии бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 баранда шудааст.
Агар сохибаш пайдо нашуд, ман тайёрам ин борро сохиби кунам. Дар хизмат тайёрем.
Ман як чизро сарфхм нарафтам долархо ёрдами Арикову Аврупо ки хукумати А Гани горат намуданд. 90 кг тилоро аз кучо пайдо намуданд. Ёинки тилохам хайрияи башарист хукумати ЧТ бояд дар назди хабарнигорон ин кочокро ба хукумати Афгонистон супорад ва хукумати Афгонистон барои камбизатхои мадуми факиру даррохафтода Афгон дар хузури хабарнигорони дохили ва хоричи таксимкарда шавад дар дигар холат мо бовар надорем..
Бечора точик дар ягон чо кадр надорад чихелеки хоханд шиканча медиханд. Ох миллати хору зорам кай ту охи сабук мекашида боши
Звуки камбагал дар тамоми чахон паст кардаги хозир. Лампаи звуковояш кухнаи бад шуда бурафтаги барои хамин оху нолааш факат то девори кулбааш мерасаду халос. Баро хамин ба кадри шапкаи Ленин расидан даркорай.
Пас Россия хам ба точикон дигар хакки истикомат надихад. Чин хохад ку Точикистонро ранги аждахо дар 3 сония фуру барад. Холо апетиташ камтар чаток барои хамин дар фикри мо нест.