Бар асоси қуръакашии марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 оид ба футбол, ки рӯзи 7-уми декабр дар Сюрихи Швейтсария доир гардид, 53 дастаи мунтахаби миллии қораи Аврупо ба даҳ гурӯҳ тақсим шуд.
Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022:
• Гурӯҳи A: Португалия, Сербия, Ирландия, Люксембург, Озарбойҷон
• Гурӯҳи B: Испания, Шветсия, Юнон, Гурҷистон, Косово
• Гурӯҳи С: Италия, Швейтсария, Ирландияи Шимолӣ, Булғористон, Литва
• Гурӯҳи D: Фаронса, Украина, Финляндия, Босния ва Ҳерсеговина, Қазоқистон
• Гурӯҳи E: Белгия, Уэлс, Ҷумҳурии Чех, Беларус, Эстония
• Гурӯҳи F: Дания, Австрия, Шотландия, Исроил, Ҷазираҳои Фарер, Молдова
• Гурӯҳи G: Нидерландия, Туркия, Норвегия, Черногория, Латвия, Гибралтар
• Гурӯҳи H: Хорватия, Словакия, Русия, Словения, Кипр, Малта
• Гурӯҳи I: Англия, Полша (Лаҳистон), Маҷористон, Андорра, Сан-Марино
• Гурӯҳи J: Олмон, Руминия, Исландия, Арманистон, Лихтенштейн.
Мусобиқа рӯзҳои 24-25-уми март оғоз ёфта, рӯзҳои 14-16-уми октябри соли 2021 ба анҷом мерасад. Даҳ дастаи ғолиби гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии 2022, ки аз 21-уми ноябр то 18-уми декабри соли 2022 дар Қатар баргузор мешавад, роҳ меёбад.
Даҳ дастаи ҷойҳои дувумро ишғолнамуда моҳи марти соли 2022 дар марҳилаи плей-офф дар баробари ду ғолиби беҳтарини сабқати гурӯҳии Лигаи миллатҳои УЕФА дар солҳои 2020/21, ки то ҳоло ба бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ тавассути сабқати интихобии Аврупо роҳ пайдо накардаанд ва дар он ҷойгоҳе ба даст наовардаанд, ширкат меварзанд.
Дувоздаҳ даста ба се роҳ тақсим карда мешаванд, ки ҳар яке дар нимфинал ва финал як бозӣ доранд. Се ғолиби плей-офф ба даври ниҳоӣ барои муайян кардани се кишвари аврупоӣ, ки ба Қатар сафар мекунанд, роҳ меёбанд.
Рахмат ба президентони ду кишвар. Ин ду халки дустро касе чудо карда наметавонад. Онхо садсолахо бо хам зистанду урфу одати ягона доранд. Ислом Каримов барои сардии байни ду халки бародар андохтааш дар таърих садсолахо бо "некй" ёд хохад шуд!!!
Чуба аку сурати Чаноби Рустама монден да ича е мехохен гуенд ки карза Чаноби Рустам дар оянда месупора... Чаноби Рустама мехохонд беобру кунанд баьзехо аммо хамиро Фаромуш накунед ки ин шахсият натанхо сиесат шинос балки ободкор хам аст президент шавад бовар кунед аз падараш хам ободкортару ихтироькортар аст Аллох дар дили ин одам хамаи хубихоро гузоштааст нигох кунед ин ободии шахрро ин навгонихоро ин ихтироькориро натанхо Чаноби Рустам карзхоро меканад балки бо хости Аллох чунон Точикистонро ободтару бойтар месозад, балки Чинро карздор хам месозад.
Душанбе
Агар бар хамаи хамин занхо чойи кор ташкил кунанд онхо хеч гох ба ин рохи фасод намераванд онхо аз мачбури ин корро мекунанд баъзе онхо шавхарошон вафот кардаги аст ва баъзе онхо аз шавхарошон чудо шудаги астанд,бинобар хамин хуб мешуд ки дар конуни ЧТ. Дузанагиро ичозат медоданд то ки ин бевазанхо дар кади куча намемонданд хастанд нафароне ки имконияти дузанагиро доранд.
Ҳар рӯз қонун таҳия кардан даркор нест ҷои кора таҳия кардан даркор мӯҳтарам вакилони дар хоби гарон рафта