Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари  Пенза ва як тарафдори ашадии Путин бо гумони фасод боздошт шуд


Иван Белозертсев бо гумони порагирӣ дар ҳаҷми 31 миллион рубл боздошт шуда, ба додгоҳ интиқол ёфт. Акс аз 22-юми март
Иван Белозертсев бо гумони порагирӣ дар ҳаҷми 31 миллион рубл боздошт шуда, ба додгоҳ интиқол ёфт. Акс аз 22-юми март

Иван Белозертсев, волии Пенза ва як тарафдори ошкорои президенти Русия Владимир Путин бо иттиҳоми фасоди молӣ боздошт шуд. Кумитаи тафтишоти Русия дар як изҳороташ рӯзи 21-уми март гуфт, ки Белозертсев барои гирифтани пора дар ҳаҷми 31 миллион рубл (муодили 420 ҳазор доллар) боздошт шудааст. Қарор аст, базудӣ ҳукми боздошти муваққатии ӯ содир шавад. Дар робита бо порадиҳӣ ба Белозертсев раҳбари ширкати дорусозии “Биотек” Борис Шпигел ва чанд нафари дигари номаълум боздошт шудаанд. Ин нафарон дар он муттаҳам мешаванд, ки бо ҳадафи дарёфти созишномаҳои давлатӣ ба раиси вилоят пора додаанд. Белозертсев як узви ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” буда, аз соли 2015 раҳбарии вилояти Пензаи воқеъ дар минтақаи Приволжйеро ба ӯҳда дорад. Матбуот қаблан навишт, ки Белозертсев дар соли 2020 ба иловаи пули нақд инчунин модели бисёр гарони мошини “Мерседес” ва соати навъи Breguet-ро пора гирифтааст.

Дар хабарҳои матбуоти маҳалли рӯзи 22-юми март омадааст, ки худи Белозертсев, соҳибкор Шпигел ва дигар нафарони боздоштшуда дар ҷараёни пурсишҳои аввалия худро бегуноҳ эълон кардаанд.

XS
SM
MD
LG