Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия сафирашро аз Амрико фаро хонд


Анатолий Антонов, сафири Русия дар Амрико.
Анатолий Антонов, сафири Русия дар Амрико.

Русия сафири худро дар Вашингтон барои машварати фаврӣ ба Маскав фаро хонд. Анатолий Антонов рӯзи якшанбеи 21-уми март ба Маскав расид.

Пас аз он, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико дар як мусоҳиба гуфт, фикр мекунад Владимир Путин, президенти Русия, як "қотил" аст, таниш миёни Вашингтон ва Маскав бештар шудааст.

Владимир Путин фавран посух дод ва гуфт, ки барои раиси ҷумҳури Амрико сиҳатии хуб орзу мекунад. Ӯ афзуд, иддае ончиро дар хуб мебинанд, дар бораи дигарон чунин фикр мекунанд.

Қабл аз он, як гузориши мақомоти амниятии Амрико ба нашр расида буд, ки тибқи он, раиси ҷумҳур Путин ба баъзе ниҳодҳои он кишвар иҷоза дода буд, ки дар интихоботи президентии соли 2020 дар Амрико, ба нафъи Доналд Трамп, мудохила кунанд. Русия ин гузоришро "беасос" хондааст.

XS
SM
MD
LG