Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндагони Кобул ва Толибон гуфтаанд, музокироти сулҳро суръат мебахшанд


Баҳси сулҳ дар Афғонистон. Шаҳри Маскав, 18-уми марти 2021
Баҳси сулҳ дар Афғонистон. Шаҳри Маскав, 18-уми марти 2021

Як мансабдори баландпояи Афғонистон гуфт, ҳукумати ин кишвар ва гуруҳи Толибон дар нишасти Маскав розӣ шудаанд, ки барои поён бахшидан ба ҷанги тӯлонӣ музокироти сулҳро суръат бахшанд. Ҷаласаи Маскав рӯзҳои 18 ва 19-уми март ва ҳамагӣ шаш ҳафта пеш аз хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон сурат гирифт. Вашингтон соли гузашта ҳангоми созиш бо Толибон гуфт, нирӯҳояшро, ки тақрибан бист сол пеш ба Афғонистон ворид шудаанд, рӯзи 1-уми майи имсол берун мекашад. Ҳадаф аз гуфтушуниди Маскав ин буд, ки ба музокироти байни ҳукумати Афғонистон ва Толибон, ки моҳи сентябр дар Қатар сар шуд, ҷони тоза дамида шавад. Вале пас аз иттиҳомоти ҳукумат, ки шӯришиён барои қатъи хушунат талоши хеле кам доранд, бенатиҷа монд. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон, ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, тарафҳо масъалаи хосеро баррасӣ накарданд. Аммо, ба қавли ӯ, ҳукумати Афғонистон барои суръат бахшидан ба раванди сулҳ ибрози омодагӣ кардааст. "Толибон низ айни ваъдаро доданд", -- афзудааст ӯ. Рӯзи 18-уми март Иёлоти Муттаҳида, Русия, Чин ва Покистон ҷонибҳои даргири Афғонистонро ба оташбаси фаврӣ даъват карданд.

XS
SM
MD
LG