Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони норозӣ аз болоравии нархҳо дар назди бинои шаҳрдории Алмато ҷамъ шуданд


Алмато, 19-уми марти 2021
Алмато, 19-уми марти 2021

Даҳҳо сокини шаҳри Алматои Қазоқистон 19 март дар эътироз ба болоравии нархи маҳсулоту хидматрасониҳо дар назди бинои шаҳрдорӣ ҷамъ шуда, мулоқот бо шаҳрдор Бакитҷон Сагинтаевро талаб карданд.

Ин гуруҳи занон ҳамчунин аз ҳал нашудани мушкили дарёфти манзил ва кам будани кумакҳои иҷтимоӣ норозигӣ карданд.

"Бо панҷ фарзанд дар як ҳуҷра зиндагӣ мекунем. Пештар барои хадамоти коммуналӣ моҳона 15-18 ҳазор танга месупоридам. Ҳоло 53 ҳазор танга талаб доранд. Ҳаққи баровардани партову фозилобро вобаста ба шумори аъзои хонавода мегиранд, ки ин даҳшат аст. Шавҳари ман дар як моҳ 100 танга маош мегирад", - гуфт яке аз занони норозӣ Албина Адилова.

Муовини шаҳрдори Алмато Марат Кикимов ба назди эътирозгарон баромада, гуфт, ба иллати "карантин" наметавонанд занонро ба дохил роҳ диҳанд. Вале занони норозӣ дар пайи исрорҳои батакрор тавонистанд вориди бинои шаҳрдории Алмато шаванд. Хабарнигоронро роҳ надоданд.

Пештар расонаҳо хабар дода буданд, ки соли 2020 нархи барқ ва гармӣ дар Қазоқистон боло рафтааст. Дар пайи ин сокинони баъзе аз минтақаҳои Қазоқистон зидди болоравии нархҳо эътироз карда буданд.

XS
SM
MD
LG