Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони Узбекистон барои гумонбарони ҳаводиси Сӯх аз 6 то даҳ сол зиндон хостааст


Мурофиаи охирини 22 нафаре, ки дар бетартибиҳои оммавӣ дар ноҳияи Сӯхи Узбекистон гумонбаранд, рӯзи 16-уми март дар Додгоҳи вилояти Фарғона баргузор шуд.

Ҳомии ҳуқуқ Баҳодурхон Элибоев, ки дар мурофиа ҳузур дошт, гуфт, айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас хостааст, 9 гумонбарро беш аз даҳсолӣ ва 13 айбдоршавандаи дигарро 6,5-солӣ аз озодӣ маҳрум кунад. Вакили дифоъ ва гумонбарон айби эъломшударо рад карданд.

Бештари гумонбарон ҳангоми ироаи сухани охирин худро бегуноҳ номида, шикоят кардаанд, ки шиканҷа ва латукӯб шудаанд.

Гумонбарон гуфтаанд, вақте шаҳрвандони Қирғизистон ба Узбекистон ворид шуданд, онҳо муқобилият нишон дода, пеши роҳашонро гирифтанд. "Қирғизҳо ба самти мо санг ҳаво дода, хонаҳоямонро оташ заданд. Мо танҳо муқобилият кардем", - иқтибос меорад ҳамсуҳбати мо аз суханони гумонбарон.

Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқ, ҳангоми бозпурсӣ ва тафтиши парвандаи гумонбарони ҳаводиси Сӯх як қатор бандҳои Кодекси ҷиноии Узбекистон поймол шудааст ва ҳамчунин раиси пешини вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев, ки яке аз ҷабрдидаҳо маҳсуб мешавад, ягон бор ба додгоҳ ҳозир нашудааст ва баёнот низ надодааст.

Рӯзи 31 майи соли ҷорӣ байни сокинони ду деҳаи наздимарзии Узбекистону Қирғизистон ҷанҷол сар зад. Дар ин ҷанҷол аз ду ҷониб бештар аз ҳазор сокин ширкат варзида, ба самти якдигар санг ҳаво доданд. Чанд хона низ аз ҳар ду ҷониб сӯхт.

Дар натиҷаи низои мазкур аз ҷониби Узбекистон 187 нафар дар беморхона бистарӣ шуд. Ба иттилои Вазорати тандурустии Қирғизистон, дар низои мазкур 25 шаҳрванди он кишвар захмӣ шудааст.

Сокинон ба самти Шуҳрат Ғаниев, раиси пешини вилояти Фарғона ва собиқ раиси ноҳияи Сӯх, ки барои ором кардани низоъ ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуданд, ҳамла карда, санг ҳаво доданд.

XS
SM
MD
LG