Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳе аз қазоқистониҳо аз Аврупо хостанд, зидди Назарбоев таҳрим ҷорӣ кунад


Эътирози гурӯҳе сокинон дар назди Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Нурсултон. 16 март.
Эътирози гурӯҳе сокинон дар назди Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Нурсултон. 16 март.

Як гуруҳи қазоқистониҳои норозӣ аз ҳукми додгоҳҳо аз Иттиҳоди Аврупо даъват карданд, ки зидди як қатор мансабдорони баландпояи ин кишвар таҳрим ҷорӣ кунад.

Дар муроҷиатномае, ки ин гуруҳ ба раҳбарии фаъоли маданӣ Санавар Зокирова 16-уми март ба намояндагии иттиҳод дар шаҳри Нурсултон ироа шуд, гуфта мешавад, "бархе аз мансабдорони Қазоқистон бидуни асос ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро поймол мекунанд".

Ба гуфтаи Зокирова, мақомоти Қазоқистон ба рақобатҳои сиёсӣ таҳаммулнопазир шудаанд. Ӯ аз ИА даъват дорад, зидди президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки бо вуҷуди истеъфояш дар соли 2019 аз салоҳиятҳои зиёд бархурдор аст, таҳрим эълом кунад.

"Дар муроҷиатнома номи раиси ҳизби ҳокими "Нур Отан" Нурсултон Назарбоев, муовини ӯ Бауиржан Байбек, раиси Додгоҳи олӣ Жакип Асанов ва вазири умури дохилии Қазоқистон Ерлан Тургумбоевро зикр кардем. Ин одамон ҳуқуқи шаҳрвандони Қазоқистонро поймол мекунанд. Бинобар ин, хоҳиш мешавад, ки зидди раҳбарияти ҳизби ҳоким ва чанд аъзояш таҳрим эълом карда шавад", - изҳор дошт Зокирова.

XS
SM
MD
LG