Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як шаҳрванди Фаронса дар Эрон барои "ҷосусӣ" ба ҷавобгарӣ кашида шуд


Бенҷамин Бриер
Бенҷамин Бриер

Вакили дифои як ҷаҳонгарди фаронсавӣ, ки 10 моҳ пеш дар Эрон боздошт шуда буд, дар “ҷосусӣ” ва “паҳн кардани таблиғоти зидди низом” муттаҳам мешавад. Саид Деҳқон рӯзи 15-уми март дар Твиттераш навишт, ки Бенҷамин Бриери 35-сола барои аксгирӣ дар “манотиқи мамнӯъ” ва “суолгузорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ” дар заминаи пӯшидани ҳиҷоб, ки либоси ҳатмии занона дар Эрон ва бархе дигар кишварҳои исломӣ маҳсуб меёбад, муттаҳам мешавад. Қонунҳои Эрон ба муттаҳам дар ҷосусӣ то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунанд. Деҳқон гуфт, “ман ва ҳамкоронам бовар дорем, ки ин иттиҳомот бепояву асос аст, вале мо бояд мунтазири таҳқиқи пурраи додрас бошем, ки бояд дар чанд рӯзи наздик ҳукмашро эълон кунад”.

Низоми додгоҳии Эрон барои шарҳи ин қазия дастрас нест. Моҳи гузашта вазорати хориҷаи Фаронса гуфт, ки шаҳрвандаш моҳи маи соли 2020 бар пояи иттиҳомоти норӯшани амниятӣ боздошт шуд ва гуфт, ки ин кишвар ин қазияро пайгирӣ мекунад.

Деҳқон гуфт, ки зерҳимояаш дар зиндони Вакилободи шимолушарқи Машҳад нигаҳдорӣ мешавад. “Саломатиаш хуб аст, ба вакили дифоъ ва консулгарии сафорати Фаронса дастрасӣ дорад”, гуфт ӯ.

Вакил гуфт, ки Бенҷамин Бриер дар марзи Эрону Туркманистон баъди парвоз дар як чархболи хурде боздошт шуд, ки онро барои сабту наворгирӣ истифода мекунанд.

Боздошти шаҳрвандони хориҷӣ ваё онҳое, ки душаҳрвандии Эрону як дигар кишвари ғарбиро доранд, дар Эрон зиёд рух медиҳад ва дар аксар ҳолатҳо инро ҳамчун талоши ба чолиш кашидани ғарб аз ҷониби низоми Ҷумҳурии Исломӣ арзёбӣ мекунанд.

Рӯзи 14-уми март мурофиаи дуюми Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф, як корманди ихтиёрии дорои шаҳрвандии Эрону Бритониё ҳам оғоз ёфт. Ин зан, ки тоза баъди анҷоми ҳукми панҷсолаи зиндонаш ба озодӣ баромад, ин навбат дар паҳн кардани таблиғот бар зидди низом муттаҳам мешавад.

XS
SM
MD
LG