Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Душанбе – Хуҷанд "муваққатан" баста шуд. ВИДЕО


Идораи Бозрасии Давлатии Автомобилии Тоҷикистон ва ширкати Innovative Road Solutions эълон карданд, ки бар асари боридани барфи зиёд ва фаромадани тарма роҳи Душанбе – Хуҷанд муваққатан баста шудааст. Ба иттилои ҳарду манбаъ, ҳоло тозакунии роҳ аз барфу тарма ва сангреза идома дорад.

Замони дигарбора боз шудани роҳро нагуфтаанд. Масъулони ширкати IRS, ки нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳро ба уҳда доранд, дар паёме дар Фейсбук навиштанд, “кормандон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд, то дар наздиктарин фурсат роҳ кушода шавад.”

Айни замон чандин ронандаву мусофир дар роҳ банд мондаанд. Яке аз ронандагон гуфт, дар вазъияти ногуворе ҳастанд, чун аз як тараф ҳаво сард аст ва аз сӯи дигар вақти боз шудани роҳ ҳанӯз маълум нест. Масъулони ширкати IRS мегӯянд, то ин дам ба чанде аз ронандаҳову мусофирони бандмонда ғизо дастрас карданд.

Баръакс, онҳо шикоят доранд, ронандагон ҳушдорҳои чанд рӯз пешро нодида гирифтаанд. “Чанд рӯз қабл сохторҳои дахлдор, аз ҷумла, Агентии обуҳавосанҷӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бориши пуршиддати барф ва тармафароиро пешгуйӣ карда буданд. Мутаассифона, баъзе ронандагон ин ҳушдорро сарфи назар карда, бе омодагӣ ва бо автомобилҳое, ки ҳаракати онҳо дар ҳолати зиёд будани бориш қобили қабул нест, ба роҳ баромаданд”, -- гуфта шудааст дар баёнияи ширкати IRS.

Ронандагон мегӯянд, дар ин сурат бояд дар нуқтаҳои пулчинии ширкат ба убури роҳ иҷозат намедоданд. Яке аз ронандагон бе зикри ном дар тамоси телефонӣ гуфт: “Вақте дар нуқтаҳои пулчинӣ ҳаққи роҳро мегиранд, ба гузаштан иҷозат медиҳанд ва мо фикр мекунем, роҳ барои ҳаракат муносиб аст. Бояд онҳо дар нуқтаҳои аввал мардумро огоҳ карда, иҷозаи убур надиҳанд.”

Дар ҳамин ҳол, Идораи Бозрасии Давлатии Автомобилии Тоҷикистон рӯзи 14-уми март дар ҳушдоре аз ронандагон ва мусофирон хост, то замони бартараф шудани мушкили роҳ “аз сафар худдорӣ кунанд”.

XS
SM
MD
LG