Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгӯии ҳавои сербориш дар Тоҷикистон


Боришоти зиёд дар мавсими баҳор дар Тоҷикистон гоҳо боиси обхезиҳо мешавад. Моҳи маи соли 2020 ҳам дар вилояти Хатлон офатҳои табиӣ хонаҳои бисёр сокинонро хароб кард
Боришоти зиёд дар мавсими баҳор дар Тоҷикистон гоҳо боиси обхезиҳо мешавад. Моҳи маи соли 2020 ҳам дар вилояти Хатлон офатҳои табиӣ хонаҳои бисёр сокинонро хароб кард

Ду рӯзи оянда ҳаво дар Тоҷикистон сард гашта, борони пуршиддат ва барф дар назар дошта шудааст. Ҳавошиносон ин ҳолатро ба “воридшавии анбуҳи ҳавои сарду намнок” ба кишвар марбут медонанд. Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 13-14-уми марти соли равон дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва доманакӯҳии вилояти Суғд ба амал омадани боришоти пуршиддат дар назар аст. Аз 12 то 15-уми март дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ вилояти Бадахшон фаромадани тарма ва омадани сел аз эҳтимол дур нест. Гуфта мешавад, ки рӯзҳои мазкур дар дарёҳои Қизилсӯ ва Ёхсу баландшавии сатҳи об дар назар дошта шудааст.

XS
SM
MD
LG