Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Супориши гузоришгари олмонии RT барои ҷосусӣ аз пушти Навалний


Даниэл Ланге баъди тарки дафтари олмонии RT китоберо бо номи “RT-и олмонӣ аз дарун: Артиши матбуотии Путин дар Олмон” нашр кард
Даниэл Ланге баъди тарки дафтари олмонии RT китоберо бо номи “RT-и олмонӣ аз дарун: Артиши матбуотии Путин дар Олмон” нашр кард

Як журналисти олмонии собиқ коргари шабакаи телевизионии русии RT гуфт, ки раҳбараш аз ӯ хоста буд, ки аз пушти мунаққиди Кремлин Алексей Навалний, ки дар Олмон табобат гирифтааст, ҷосусӣ кунад. Алексей Навалний баъди як заҳролудшавиаш бо заҳри навъи низомие дар Сибир августи соли 2020 барои муолиҷа ба беморхонаи Олмон интиқол дода шуд. Даниэл Ланге, ки он замон корманди шабакаи RT буд, гуфт, аз ӯ раҳбараш хост, ки бо истифода аз санадҳои журналистиаш аз пушти Навалний дар беморхонаи “Шарите”-и Берлин назорат карда, ҳамчунин акси ҳузури низомии мудофеони мунаққиди Кремлинро дар бемористон бигирад. Ланге гуфт, ки азбаски супоришҳо бо кори журналистии ӯ дар ихтилоф буд, ба ин қарор омад, ки аз кор дар дафтари олмонии ТВ RT даст мекашад.

Ланге гуфт, ки ӯву ҳамкоронаш супориш гирифтанд, ки роҳҳои ворид шудан ба беморхонаи “Шарите”, шумурдани миқдори посгоҳҳои амниятӣ то утоқи бемории Навалнийро фаҳмида, инчунин бубинанд, ки то куҷо онҳо метавонанд бидуни ин ки дида шаванд, то ба наздикии утоқи эҳёгарии Навалний дастрасӣ пайдо кунанд.

Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Аврупо Озод/Радиои Озодӣ гуфт, “ман ба онҳо чандин бор гуфтам, ки ман ҷосуси истихборотӣ нестам ва ҳам гуфтам, ки агар ман як низомии русро дар як беморхонаи ҳарбӣ махфӣ акс бигирам, чӣ мешавад?”.

Ланге гуфт, ки махсус таваҷҷӯҳи полисро ба худаш кашиду гуфт, ки ӯ як журналисти “RT аз Русия” мебошад. Баъди ин ба ӯ супориши дигар доданд, ки аз пушти Леонид Волков, раиси ситоди Навалний ва раиси тими таҳқиқотии ӯ Мария Певчих назорат кунад. Ланге гуфт, “пайдо кардани макони будубоши Волков дар Берлин як кори беҳуда буд ва ҳам аз назари кори журналистӣ ҳам ҳеҷ маъное надошт”. Ба гуфтаи ӯ, “Волков дар Берлин аз касе пинҳон нашудааст ва мусоҳибаҳо медод. Агар шумо хоҳиши сӯҳбат бо ӯро доштед, бояд бо дархости расмӣ муроҷиат мекардед”.

Ба иловаи ин, ба гуфтаи Ланге, раҳбарияти нав ба ӯву оператор супориш медод, ки дар наворҳои хурд, на гузоришҳо, танҳо “паҳлӯҳои ифлоси Олмонро намоиш диҳанд”. Ӯ гуфт, ба ӯ супориш медоданд, ки танҳо пораҳои видеоҳоеро бигиранд, ки “Олмонро аз тарафи бадан нишон диҳад”. Ланге гуфт, ки баъди тасмим гирифт, ки аз кор дар телевизионӣ русӣ истеъфо диҳад ва ҳар он чи ки дар пушти саҳна мегузарад, онро ифшо созад.

ТВ RT рӯзи 10-уми март гуфт, ки маҷаллаи олмонии Bild-ро, ки аввал шуда сӯҳбатҳои Лангеро нашр кард, ба додгоҳ мекашад. RT ишора кард, ки иттиҳомоти мазкур метавонад бахше аз маъракаи зидди ин телевизион дар Олмон бошад.

Ланге ҳафтаи ҷорӣ китоберо бо номи “RT-и олмонӣ аз дарун: Артиши матбуотии Путин дар Олмон” нашр кард, ки дар он таҷрибаи дусолаи корашро дар ин расона тасвир мекунад. Дар ин китоб аз ҷумла дар бораи ҷосусии эҳтимолӣ аз пушти Навалний ҳам ёд шудааст.

Алексей Навалний дар моҳи январи имсол ҳангоми бозгашт аз Олмон ба Русия дар фурудгоҳи Маскав боздошт шуд. Додгоҳ моҳи феврал Навалнийро ба 2,5 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯву тарафдоронаш ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд. Ҳабс ва ҳукми зиндони Навалний эътирозу норизоиятҳои зиёде дар дохили Русия ва ҳам маҳкумиятҳои ғарбро ба бор овард.

Навалнийро ба он муттаҳам карданд, ки қарори додгоҳ аз соли 2014 оид ба ҳабси шартиро нақз кард, ин дар ҳоле буд, ки Навалний аз заҳролудшавӣ бо заҳри низомии сохти Шӯравӣ аз моҳи август дар табобат қарор дошт. Оғози моҳи феврал қарори додгоҳ ҳабси шартии ӯро ба ҳабси воқеӣ табдил дод.

XS
SM
MD
LG