Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воксинаи Johnson & Johnson-ро дар Иттиҳоди Аврупо иҷоза доданд


Johnson & Johnson ширкати навбатии амрикоӣ шуд, ки бар зидди Covid-19 воксинаи худро ба бозор арза кард
Johnson & Johnson ширкати навбатии амрикоӣ шуд, ки бар зидди Covid-19 воксинаи худро ба бозор арза кард

Комиссиюни Аврупо ба воксинаи ширкати амрикоии Johnson & Johnson иҷоза дод, ки дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо барои пешгирӣ аз олудашавӣ ба COVID-19 истифода шавад. Президенти Комиссиюни Аврупо Урсула вон дер Лейен бо нашри ин хабар дар саҳифаи Твиттераш гуфт, ки “воксинаҳои амну муассири бештар вориди бозор мешавад”. Истифодаи воксинаи навро идораи дорувории Аврупо иҷоза додааст. Ба иттилои вон дер Лейен, ҳамакнун имкони эмкунии 200 миллион нафар дар қаламрави ИА имконпазир шудааст. Воксинаҳои Johnson & Johnson ба фарқ аз дигарҳо танҳо як дафъа қабул мешаванд. То ҳол дар қаламрави Аврупо барои сокинони аз 18-сола боло истифодаи воксинаҳои сохтаи ширкатҳои Pfizer-BioNTech, Moderna, ва AstraZeneca-донишгоҳи Oxford иҷоза шудааст. Фоиданокии воксинаи сохтаи Johnson & Johnson 85 дарсад гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG