Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина гуфт, корхонаи "Мотор-Сич" миллӣ мешавад


Октябри соли 2018. Мотори навъи AI-322F -и ҳавопаймои тамринӣ дар корхонаи "Мтор-Сич" сохта шуда дар намоишгоҳе дар шаҳри Киев ба маъраз гузошта шудааст
Октябри соли 2018. Мотори навъи AI-322F -и ҳавопаймои тамринӣ дар корхонаи "Мтор-Сич" сохта шуда дар намоишгоҳе дар шаҳри Киев ба маъраз гузошта шудааст

Мақомоти украинӣ гуфтанд, ки корхонаи истеҳсоли мотори ҳавопаймо ва чархболҳои “Мотор-Сич”-ро, ки аксар саҳмияҳояш дар дасти ширкатҳои чинӣ мебошанд, бо далели аҳамияти стратегии он барои соҳаи дифоӣ давлатӣ хоҳанд кард. Олексей Данилов, раиси Шӯрои амният ва дифои Украина баъди ҷаласаи ин ниҳод рӯзи 11-уми март гуфт, “қарор ин шуд, ки “Мотор-Сич” ба ихтиёри мардуми Украина баргардонида шавад”. Ӯ гуфт, ки ҷараёни миллисозии корхона мутобиқ бо қонун сурат мегирад ва харҷи ҳама сармоягузорҳо ҷуброн хоҳад шуд. Миллисозии корхонаи моторбарории ҳавопаймоҳо эҳтимолан Чинро нороҳат ва ИМА-ро қонеъ хоҳад кард. Ин кишвар дар муқобили рафтори хашиши Русия аз Украина ҳимоят мекунад. Вашингтон гуфтааст, ки Чин метавонад тавассути “Мотор-Сич” технологияҳои пешрафтаи дифоии Украинаро ба даст оварад. Моҳи январ ИМА ширкати ҳавонавардаии чинии Skyrizon Aviation-ро ба феҳристи сиёҳ ворид кард, ин ширкат мехост назорат аз болои “Мотор-Сич”-ро ба даст оварад. Ду ҳафта пеш аз ин президенти Украина Владимир Зеленский чор ширкати чинӣ, аз ҷумла Skyrizon Aviation-ро таҳрим намуд.

XS
SM
MD
LG