Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Бишкек қарори манъи баргузории гирдиҳамоиҳоро бекор кард


Бишкек, Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.
Бишкек, Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳи шаҳрии Бишкеки Қирғизистон манъи баргузории гирдиҳамоӣ ва эътирозҳоро бекор кард. Дар ин бора рӯзи 10-уми март ҳуқуқшинос Евгения Крапивина хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ба ин тартиб ҳукми зинаи поёнии додгоҳ - додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек бекор шуд, ки қарори манъи гирдиҳамоиҳоро барои 2 моҳ содир карда буд.

"Дар воқеъ, ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳаққи маҳдуд кардани гирдиҳамоиҳоро доранд. Аммо онҳо ҳам наметавонанд, ҳамаи чорабиниҳоро манъ кунанд, танҳо он чорабиниҳое, ки ҷанг, адоватро таблиғ мекунанд, метавон маҳдуд кард", - гуфт ҳуқуқшинос.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек бо пешниҳоди ҳуқуқи ноҳияи мазкур баргузории ҳама гуна чорабиниҳоро аз 22 феврал то 22 апрел манъ карда буд.

Ҳуқуқшинос Крапивина мегӯяд, соли гузашта низ чунин маҳдудият ҷорӣ, аммо баъдтар бекор шуда буд.

XS
SM
MD
LG