Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон мулоқот мекунанд


Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон.
Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон.

Гуфтугӯи ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузории марзҳо 16-уми марти соли равон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор хоҳад шуд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, раҳбари ин ниҳод Руслан Қазоқбоев бо ҳамтои тоҷики худ Сироҷиддин Муҳриддин суҳбати телефониеро анҷом дода, масоили марбут ба ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ кардааст.

Ҷонибҳо қайд кардаанд, ки "гуфтугӯи навбатии марзӣ ба таъмини амнияту субот мусоидат карда, ҳамзамон имкон медиҳад, то таъйину аломатгузории минтақаҳои баҳсии боқӣ идома ёбад".

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 976 километр марз доранд, вале ҳалношуда мондани мақоми 504 километр сарҳад солҳо боз ба яке аз мушкили ҷиддии миёни ду ҳамсоя табдил шудааст. Танҳо дар соли 2020 дар марзи ду кишвар 9 низоъ рух додааст.

XS
SM
MD
LG