Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садои мухолифон бо талаби истеъфои Пашинян баландтар шуд


Раҳбарони низомии Арманистон бори дигар аз нахуствазир Никол Пашинян тақозо карданд, ки ба истеъфо равад. Ин даъват баъди он садо дод, ки субҳи 10-уми март Пашинян гуфт, қарори барканории сарфармондеҳи артиш ба ҳукми иҷро даромад. Дар талаби низомиён ва фармондеҳони калони артиш даъват ба интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумонӣ танҳо роҳи ҳалли бӯҳрони эҷодшудаи сиёсӣ номида шуд.

Никол Пашинян рӯзи 10-уми март эълон кард, ки сарфармондеҳи артиш Оник Гаспарян аз мақомаш сабукдӯш шуд. Дар вебсайти ҳукумати Арманистон бо нашри ин хабар гуфта шудааст: азбаски президент Армен Саркисян қарори барканории Гаспарянро имзо накард ва айни замон аз болои ин қарор ба Додгоҳи конститутсионӣ шикоят набурд, қарори барканории раҳбари артиш ба ҳукми иҷро медарояд. Баъди ҷанги шашҳафтаина дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ ва имзои созиши оташбас бо Озарбойҷон дар моҳи ноябр, нахуствазири Арманистон таҳти фишори шадиди мухолифонаш қарор гирифтааст, чун онҳо истеъфои ӯро талаб мекунанд. Тарафдорони мухолифон ва эътилофи ҳизбҳои оппозитсионӣ истеъфои Пашинянро талаб мекунанд, вале худи ӯ то ҳол гуфтааст, ки ба истеъфо розӣ нест.

XS
SM
MD
LG