Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Le Parisien: Қотили муаллими фаронсавӣ бо як ҷангҷӯйи тоҷик дар тамос буд


Самуэл Пати бо намоиши карикатураҳои Муҳаммад паёмбар, ки дар маҷаллаи "Шарли Ҳебдо" нашр шудаанд, бо шогирдон дар бораи озодии баён суҳбат кардааст
Самуэл Пати бо намоиши карикатураҳои Муҳаммад паёмбар, ки дар маҷаллаи "Шарли Ҳебдо" нашр шудаанд, бо шогирдон дар бораи озодии баён суҳбат кардааст

Абдулло Анзоров, ҷавони чечен, ки як муаллими таърихро барои намоиши карикатураҳои паёмбари Ислом дар Фаронса куштааст, бо як шаҳрванди Тоҷикистон дар тамос будааст.

Нашрияи “Паризен” рӯзи 9-уми март бо такя ба манобеъ дар мақомоти қудратии Фаронса навишт, ин ҷавони тоҷик дар сафи гуруҳҳои даҳшатафкан дар Сурия меҷангад.

Ба навиштаи нашрия, Анзоров пас аз куштани Самуэл Пати, омӯзгори таърих, ки ба хонандагон карикатураҳои паёмбари Исломро нишон дод, ба Форуқи Шомӣ ном шахсе тавассути Инстаграм паём фиристодааст. Онҳо дар ин шабака дар бораи масоили динӣ бо ҳам мукотиба доштаанд.

Анзоров дар ин мукотибаҳо гуфтааст, мехоҳад, ба Сурия равад ва ба ҳаракати ба ном ҷиҳодиён бипайвандад.

Ба иттилои хадамоти истихборотии Фаронса, Форуқи Шомӣ лақаби як шаҳрванди Тоҷикистон ва яке аз ҷангҷӯёни созмони террористии “Ҳаёт Таҳрир Аш-Шом” мебошад. Номи аслии ин шаҳрванди Тоҷикистон маълум нест. Мақомоти Тоҷикистон ҳам дар ин бора ибрози назар накардаанд.

Самуэл Пати, устоди 47-солаи фанни таърих ва ҷуғрофиё дар Фаронса, баъд аз намоиши карикатура ё тасвирҳои танзомези паёмбар Муҳаммад ба шогирдонаш, дар канори шаҳри Париж кушта шуд.

Мақомоти Фаронса рӯзи 17-уми октябри соли 2020 гуфтанд, ҳамлавар ҷавони 18-солаи чечен аз шаҳри Маскав аст ва ҳангоми амалиёт кушта шуд.

XS
SM
MD
LG