Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон корхона аз кор монд, дар Тоҷикистон маводи сӯхт гарон шуд


Зарфҳои нигаҳдории гази моеъ. Акс аз як захирагоҳи хусусии Покистон
Зарфҳои нигаҳдории гази моеъ. Акс аз як захирагоҳи хусусии Покистон

Ҳафтаҳои ахир дар Тоҷикистон нархи маводи сӯхт, ки аз хориҷ ворид мешавад, боло рафтааст. Нашрияҳои қазоқӣ менависанд, яке аз корхонаҳои калони тавлиди гази моеъ дар ин ҷумҳурӣ аз кор мондааст. Хабаргузории давлатии “Казинформ”-и Қазоқистон иттилоъ додааст, ки корхонаи истеҳсоли гази моеъ дар шаҳри Атирауии Қазоқистон ба далели бозсозии таҷҳизот фаъолияташро муваққатан қатъ кардааст. Тоҷикистон 90 дарсад аз гази моеи мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон ворид мекунад. Дар соли 2020 ба кишвар 420 ҳазор тонна гази моеъ ворид шуд ва 90 дарсади он аз Қазоқистон таъмин гардид. Наздик ба 65 дарсади нақлиёт дар Тоҷикистон бо гази моеъ фаъолият мекунанд ва хонаводаҳо низ барои пухти ғизо аз он истифода мекунанд. Феълан арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон 4 сомониву 40 дирам ва 4 сомону 50 дирам барои як литр аст. Дар ҳамин ҳол, ду ҳафтаи ахир нархи дигар маводи сӯхт, аз ҷумла

бензину солярка ҳам боло меравад. Ба гуфтаи сокинон, нархи ин мавод ҳамарӯза дар кишвар 10-20-дирамӣ гаронтар мешавад.

XS
SM
MD
LG