Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмонзода зиёиёни тоҷикро ба "ҷанги иттилоотӣ"-и зидди мухолифон даъват кард


Абдуҷаббор Раҳмонзода (аз рост) дар осорхонаи С. Айнӣ дар Душанбе. Акс аз соли 2018
Абдуҷаббор Раҳмонзода (аз рост) дар осорхонаи С. Айнӣ дар Душанбе. Акс аз соли 2018

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии презеденти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа аз зиёиён ва хабарнигорон даъват кардааст, то дар, ба гуфтаи ӯ, “ҷанги иттиллотӣ” зидди мухолифони ҳукумат “фаъолтар ва муттаҳид” бошанд. Раҳмонзода аз аҳли зиёву матбуот хостааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ “бо ному насаби худ” матлаб нашр кунанд, то “рақибон онҳоро “фермаи ҷавоб” нагӯянд”. Аъзои ин гуруҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери имзоҳои мустаор мунтазам матлабу мақолаҳои бадномкунандаи мухолифонро бо аксу карикатураҳо ба нашр мерасонанд.

Раҳмонзода рӯзи 3-уми март дар як мизи гирди ташкилшуда дар идораи нашрияи давлатии “Ҷумҳурият” дар ин робита ибрози назар кардааст ва ин бори аввал аст, ки як мақоми баландпояи расмӣ вуҷуди гуруҳе, ки матбуот аз он “фабрика” ва ё “фермаи ҷавоб” ном мебарад, тасдиқ мекунад. Матлаби мазкур 10-уми март дар вебсайти расмии "Ховар" чоп шуд.

Мунтақидони давлат иддао мекунанд, ки "ферма ё фабрикаи ҷавоб" гуруҳи созмонёфта аз сӯи давлат ҳидоят ва сармоягузорӣ мешавад. Мақомот инро рад мекунанд. Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир барои адами таҳаммули назарҳои интиқодиву гуногунандешӣ мавриди интиқод қарор дорад.

XS
SM
MD
LG