Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Лукашенко ба ҳайси раҳбари Кумитаи олимпии Беларус эътироф нашудааст


Виктор Лукашенко.
Виктор Лукашенко.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) эътирофи салоҳияти президенти Кумитаи олимпии Беларус Виктор Лукашенкоро рад кард. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

КБО онро "тадбири муваққатӣ" номид. Ҳамин тариқ, КБО натиҷаҳои интихоботро ба мансаби роҳбари Кумитаи миллии олимпии (КМО) Беларус, ки 26-уми феврал баргузор шуд, эътироф накард.

18-уми январ Беларус аз ҳуқуқи баргузории мусобиқаи қаҳрамонии ҳоккейи ҷаҳон дар қаламрави худ маҳрум шуд. Федератсияи байналмилалии ҳоккей (IIHF) тасмими худро бо нотавонӣ дар кафолати амнияти иштироккунандагони мусобиқа ва меҳмонони бозиҳо шарҳ дод. Ҳамаи бозиҳо дар доираи ин мусобиқа дар Латвия баргузор мешаванд.

Аз 9-уми августи соли 2020 дар Беларус эътирозҳои оммавии шаҳрвандоне, ки бо натиҷаҳои расмии интихоботи президентӣ розӣ нестанд, идома доранд. Мухолифон қарорҳои ҳукумати кунуниро ба расмият намешиносанд ва ба ҳамин далел, талаб карданд, ки Ҷоми ҷаҳонии ҳоккей дар Минск баргузор нашавад

XS
SM
MD
LG